29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд

443
5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд
Аз ковишҳое, ки бостоншиносон дар Саразм анҷом додаанд, муайян гардидааст, ки заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳоро месохтаанд. Аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9-то, лоҷувардӣ 6-то, фирӯзагӣ 7-то намудҳои гуногуни марҷонҳо дарёфт шуданд. Ин бар он аст, ки гарчанде заргарон дар зинаи аввали инкишофёбии ҳунар истода бошанд ҳам, бо дастгоҳҳои одӣ асрори санъати коркарди сангҳоро дарёфта будаанд.

Бозёфтҳои заргарӣ, аксаран марҷону бозубандҳо мебошанд. Онҳо ҳамчун зебу зиннат дар тӯли садсолаҳо аз авлод ба авлод мерос монда истифода шудаанд.

Доир ба ҳунармандии саразмиён мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломзода чунин гуфт:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳазорсолаҳои VII-VI пеш аз милод ҷамъияти инсонӣ ба сохтани баъзе намудҳои шаъбаҳо, марҷонҳо, бозубандҳо сар карда буд. Пас метавон гуфт, ки ҳунари ороишии инсон аз оғози таърих пайдо шудааст. Ороишот аз гӯшмоҳичаҳои баҳрӣ, дандонаҳои хуку хирс, сангҳои хушнамуди кӯҳӣ ва дарёӣ, баъзе намудҳои меваҳои ёбоӣ иборат будаанд. Мардуми Саразм 15 намуд ҳунарҳои дастиро ба хубӣ аз худ карда буданд. Кулолгарӣ, маъдангудозӣ, меъморӣ, сангтарошӣ, чармпазӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯхтани пойафзолу сару либос, палосу бӯрёбофӣ, рангтайёркунӣ, наққошӣ, заргарӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.

Аз ҷониби муҳаққиқони бостоншинос исбот шудааст, ки ҳунармандони Саразм истеҳсоли ашёи заруриро тарзе ба роҳ мемонданд, ки аз як тараф, талаби оила ва қабилаи худро таъмин созанд ва ҳам дигар моли зиёдатиро ба одамони касбу кори дигар бо маҳсулоти зарурӣ иваз кунанд. Ҳунармандӣ касби қадимист, онро яке аз омилҳои ҳалкунандаи иқтисодиёт ҳисобидан мумкин аст.

Бозёфтҳо гувоҳанд, ки масолеҳи асосии заргарони шаҳраки Саразм намудҳои гуногуни сангҳои хушнамуд: булӯр, ҷаз, ақиқ, лоҷувард, фирӯза, санги Сулаймон, яшма, фулузи мис, биринҷ, қурғошим, нуқра ва тилло буданд. Баъзан сипари гӯшмоҳӣ, устухони ҳайвонҳои хурду калонро низ истифода мебурданд. Сарчашмаҳои онҳо далеланд, ки ҳунармандон аз чунин ашё танқиcӣ намекашиданд, зеро қариб ҳамаи намудҳои онҳо то ҳол дар кӯҳҳои Зарафшон, Суғд ва Ҳисор маҳфузанд. Баробари ин робитаи тиҷоратӣ ва ивази мол байни қабилаҳо аз баҳри Арал то Бадахшон паҳн шуда буданд.

Дар шаҳраки Саразм пайдо намудани лоҷуварди Бадахшон, ақиқу гӯшмоҳиҳои Ҳиндустону Балуҷистон ва соҳили уқёнуси Ҳинд, Эрон далели онанд, ки ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои IV-III дар кишварҳои Шарқ робитаи байниҳамдигарии одамон хеле инкишоф ёфта буд.

Донистани сирру асрори ҳунару ҳунармандии аҷдодону ниёгон –худшиносии миллӣ мебошад. Дар замони мо заргарон аксарият корҳои худро бо дастгоҳҳои барқӣ ва чарху арраҳои механикӣ ба ҷо меоранд. Дар Саразм заргарон онро дастӣ бо олоти одитарин ба ҷо меоварданд. Имрӯз шояд бовар кардан душвор бошад, ки сангро бо санг мебуриданд ва ҳатто шикоф мекарданд. Ашёи дигари заргарон маъданҳост.
5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд
Дар Саразм қариб 100 дона марҷонҳои нуқрагин ва тиллогин дарёфт шуданд. Марҷонҳо гуногуншакл буда, аз ҳунари баланди заргарӣ дарак медиҳанд.

Аз ковишҳои археологии Саразм, ки оғози зиндагӣ дар ин ҷо ба охири замони неолит рост меояд, миқдори зиёди олоти ресандагиву бофандагӣ, ба монанди урчуқҳо, мокуҳо, пояи чархҳои ресандагӣ ва сангҳои гуногунвазни хоси бофандагӣ ёфт шуданд.

Тахмин меравад, ки ин корҳои бофандагиро асосан занону духтарон иҷро мекарданд. Албатта, пашм ҳамоно баъди аз бузу гӯсфанд тарошидан якбора ресида намешавад. Онро мешустанд, мехушконданд, покиза мекарданд. Ин кори занони кордида буд. Дар ресидани риштаҳои пашмӣ қариб ҳамаи аъзои қобили меҳнати оила иштирок мекарданд. Аз калобаҳои пашмӣ бофтани матову палосҳоро, албатта, зану мардҳои соҳибкасб ба зимма мегирифтанд, зеро ин кор маҳорати баланд талаб мекунад. Корҳои рангкунӣ ва омода намудани дастгоҳҳои бофандагиро марду занҳои калонсол анҷом медоданд. Азбаски ягон намуди осори либоси саразмиҳо дарёфт нашудааст, оид ба шакли онҳо чизе гуфта намешавад. Вале аз рӯи осори дастраси санъати Мисри қадим, Шумер ва Аккад, ки дар деворнигорҳову рӯи тобутҳо акс ёфтаанд, метавон гуфт, ки либосҳои одамони қадим ба табъи эстетикии онҳо хос, яъне гуногунрангу васеъ буданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво