9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе: «Дар хусуси кӯчонидани «Чойхонаи Роҳат» ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст»

397
Татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тақозо менамояд, ки бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (собиқ бинои ДИПҶТ) тахриб карда шавад. Дар ҷои он биноҳои бисёрошёнаи муосир бунёд мегарданд. Дар хусуси кӯчонидани «Чойхонаи Роҳат» ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст. Айни замон лоиҳаи навсозии роҳи танобӣ дар мавзеи «Боғи Ғалаба»-и пойтахт таҳия гардида, татбиқгари он низ ояндаи наздик муайян мешавад.

Ин матлаб посухи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода аст, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ менамояд. Дар ҳудуди заминҳои ба пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ воридшуда мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо ба нақша гирифта шудаанд»,-афзуд М.Зувайдзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар пойтахт, аз ҷумла, дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво