19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид

330
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан 4 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо он қонун ва стратегияҳои зиёд қабул шудаанд. Яке аз онҳо «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба шумор меравад. Қабул ва амалӣ гардидани стратегияи мазкур дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки шиддати коррупсия ва ҷиноятҳои алоқаманд ба он коҳиш ёбад.

Таъкид карда шуд, ки «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 89 банд иборат буда, мониторинги ҳолати иҷрои он соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ нишон дод, ки 72 банди он пурра иҷро гардидааст.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» шунида шуд.

Дар охир «Нақшаи кории ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ҷиҳати амалисозии нақшаи ҷорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баррасӣ ва қабул карда шуд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво