29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Наврӯз мардуми ориётабор дилҳои хешро аз кинаву адоват тоза менамуданд

855
Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ тӯуйи суннатии 30 кӯдаки оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба 28 ятими кулл 200 сомонигӣ кумакпулӣ дода шуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева наврасон ва волидони онҳоро табрик карда, аз ҷумла гуфт, ки иқдоми мазкур аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат -Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, дастгирии оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Хоруғ аз Наврӯз то Наврӯз давом хоҳад ёфт. Дар ин иди мардумӣ ва миллӣ мардуми ориётабор дар баробари тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин дилҳои хешро аз кинаву адоват тоза намуда, амалҳои хайрхоҳонаро ба анҷом мерасониданд, ки имрӯзҳо низ ин ниятҳои нек ва ойинҳои аҷдодӣ аз нав рӯи кор омада истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво