18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Душанбе озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад

341
Нимаи дуюми имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад. Дар он беҳтарин ҳунармандони соҳа аз чор ноҳияи пойтахт маҳсули дасти хешро манзури ҳакамон ва иштирокдорон мегардонанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни мазкур тасдиқ гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки ин озмун бо мақсади иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

Тибқи ин қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво