20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ободонӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид

334
Дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот ҳашар доир карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори хабар доданд.

Кормандони ташкилоту корхонаҳо, сокинони шаҳру деҳот, омӯзгорону намояндагони дигар табақаҳо ба ҳашар баромада, бехи дарахтонро нарм карданд ва беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.

Ҳашари умумишаҳрӣ аз Маҷмааи саноатию кишоварзии ҷамоати деҳоти Зиракӣ, назди гармхонаҳои хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардид. Дар ин мавзеъ саҳмдорони хочагӣ ва сокинон беш аз 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд.

Дар ҳашар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти шаҳр ва раиси хоҷагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев иштирок намуда, ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Кормандони корхонаҳои коммуналии шаҳр дар назди Парчами давлатӣ ба ҳамворкунии замин ва ба тартиб даровардани роҳравҳо машғул гардиданд.

Гуфта шуд, ки майдони Парчами давлатӣ то оғози гармиҳои баҳор омода карда шуда, дар он дарахтони ороишӣ ва гулҳои зебою муаттар шинонида мешаванд. Дар кӯчаю маҳалла ва гулгаштҳои шаҳр низ корҳои ободонӣ идома ёфтанд. Кормандони корхонаи давлатии фаръии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин ба шинонидани ниҳолҳои ороишӣ шурӯъ намуданд. Назди ҳайкали шоир Ашӯр Сафар дарахтонро ба тартиб дароварда, 50 бех ниҳол шинониданд. Корхонаи мазкур дар баробари шинонидани ниҳолҳо ва таъмини дигар ташкилоту корхонаҳо бо ниҳол дар гармхонаҳои муассиса гулҳои мавсимӣ парвариш карда истодааст.

Дар боғи Хуталон дарахтони ороишӣ шинонида, бехи дарахтони дигарро нарм карданд. Инчунин дар ин рӯз паҳлуи роҳравҳо гулҳои гуногунранги лола шинонида шуданд.

Тавре директори «Боғи Хуталон» Насим Абдулазизов иттилоъ дод, дар ҳашари дастаҷамъона дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 1000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуданд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои истироҳатии минбаъда низ чунин ҳашарҳо гузаронида шаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво