3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вохўрии гуруҳи корӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

418
Вохӯрии гуруҳи корӣ  ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони ҶомӣДар асоси қарори Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 30 декабри соли 2019, №2098 дар бораи гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, нақшаи чорабиниҳо омода карда шуд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия таъсис дода шудаанд.
Ҷамъомади навбатӣ санаи 14 январи соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Ифтихор ва рӯзи 17 январ дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сохтмончӣ”, раисони ҷамоатҳо, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолии ҷамоатҳои мазкур доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ раисони ҷамотҳо оид ба қисматҳои Паём, ки бевосита ба кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста буд, суханронӣ намуданд.Вохӯрии гуруҳи корӣ  ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар баромади худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов М. оид ба дастовардҳои кишвар, масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, қадр намудани арзишҳои давлат, чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии дарпешистода суханронӣ намуд.
Дар навбати худ, аз ҷониби Абубакр Сафарзода муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сохтмончӣ”, аъзои гурӯҳи корӣ, зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар амал татбиқ намудани он кафолати рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносӣ талаб менамояд. Аз ҷумла, оиди бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2020 ва дигарҳо суханронӣ карда шуд.Вохӯрии гуруҳи корӣ  ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамчунин, муроҷиати Пешвои миллат ба ҳар як сокини мамлакат оиди то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин фаҳмонида шуд, ки бояд ҳар як оила кӯшиш ба харҷ диҳад.
Аз ҷумла, иштирокдорон зикр доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарвоқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ вохӯриҳо бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то охири моҳи январи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
А.Аваз,
мухбири махсуси “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво