25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт

408
Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ оид ба баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2019 ва тарғибу ташвиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд

Аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз  хоҳанд гирифт
Санаи 7 январи соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Роҳбари гурӯҳи корӣ, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 вобаста карда шудааст, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабов Р.С., Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод ва фаъолону сокинони ноҳия маҷлиси васеи ҷамъбастӣ оид ба баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2019 ва тарғибу ташвиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баргузор гардид.
Аввалан дар оғози ҷаласа, гузориши муовини якуми Раиси ноҳия Раҳимзода С. оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2019 шунида шуд.
Сипас, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабов Р.С. фаъолияти солонаи бахши иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия, пардохти андоз, бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайраро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар баромади худ Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар асоси қарори Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 30 декабри соли 2019, №2098 дар бораи гузаронидани вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳо омода гардидаанд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шудаанд.
Аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз  хоҳанд гирифт
Хотиррасон менамоем, ки чунин вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд рӯзи 3 январи соли ҷорӣ дар идора ва ташкилотҳои ноҳиявӣ, 4 январ дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон, 5 январ дар ҷамоати деҳоти Яккатут, 6 январ дар ҷамоати деҳоти Қадридин Ғиёсов ва имрӯз дар шаҳрак баргузор гардиданд ва ин анъана то охири моҳ тибқи нақша давом хоҳад ёфт.
Гурӯҳи корӣ дар ҷамоати деҳоти Яккатут бо аҳолии деҳаҳои Мушкруд ва Ҷовидон маҳалла ба маҳалла доир ба фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи деҳаву маҳаллаҳо, дар маҳалҳои зисташон мулоқотҳои судманд доир намуд.
Таъкид гардид, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд ҳар як оила манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишинро таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонад.
Аҳолии деҳаҳои мазкур аз баргузории чунин вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба иҷрои ҳатмии супоришҳои Паёми Пешвои миллат омодагии худро иброз намуданд ва ба саволҳо ва мушкилиҳои ҷойдоштаи маҳалли зисташон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Фикр мекунам чунин тарзи корбарӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар дигар деҳаву ҷамоатҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз  хоҳанд гирифт
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумии он, Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд, ки он аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии соли 2020 ва дигарҳо иборат мебошад.
Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи корҳои солҳои охир анҷомдодаи хеш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд, ки соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангу илму варзиши мамлакат чӣ гуна равнақ ёфтааст, бо мисолҳои дақиқ ва далелҳои мушаххас нишон доданд, ки сатҳи зиндагии мардум то куҷо беҳтар шудааст. Мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дар кадом поя қарор дорад ва иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон чӣ хел дастгирӣ карда мешавад.
Дар Паёмашон Пешвои миллат иброз доштанд, ки «…Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба нақша гирифтаем.
Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат то ҳол тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо ба хотири пешрафти ҳамаи минтақаҳои кишвар равона карда истодаанд, то ки барои шаҳрвандони мо шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад.
Дар давоми се сол, ки якуним соли он аллакай сипарӣ гардид, моро зарур аст, ки дар ҳар як деҳот, маркази ҷамоатҳо ва шаҳрак бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо, аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.
Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 155 иншоотро дар бар мегирифт, ки ҳоло боз 40 адад зиёд карда ба 195 иншоот расонидем.
Аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз  хоҳанд гирифт
То имрӯз 86 адад иншоот ба истифода супорида шуданд, ки ин 44 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Пешниҳод карда шуд, ки ки барои ҷалб намудани сокинон ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Деҳаи беҳтарин” дар қаламрави ноҳия эълон карда шавад.
Ҳамчунин Раиси Кумита оид ба тарзи корбарии роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо ва бемасъулиятии онҳо изҳори нигаронӣ намуда, беҳбудии ҷиддиро дар фаъолият талаб намуд.
Тавре, ки аз таҳлилҳои ҷамъбасти соли 2019 маълум шуданд, бо вуҷуди муваффақиятҳои ба дастомадаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, дар кору фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҳоло ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.
Пас аз таҳлили нишондодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар паҳлӯҳои хоҷагии халқи ноҳия, муовинон, мудирони шуъба, бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, ҷалби бештари фаъолон дар ҳалли масоили аҳамияти маҳалидошта, ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ, баланд бардоштани масъулиятнокӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар ҷамъбасти соли 2020 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин раванд, изҳори боварӣ карда шуд, ки дастаҷамъона бо аҳолии ноҳия ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо натиҷаҳои назаррас пешвоз гирифта хоҳад шуд.

А.Сафаров, «РБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво