25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО-и Чин нишасти матбуотӣ доир намуд

358
7 январ дар Пекин ба муносибати ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои мамлакат ва натиҷагирии муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар соли 2019 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронии худ Сафири Тоҷикистон иброз намуд, ки дар баробари дастовардҳои муҳим дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва дар соҳаи амният, ҳар ду давлат ба натиҷаҳои намоён дар ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ноил шуданд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Парвиз Давлатзода ба саволҳои хабарнигорон оид ба самтҳои гуногун посух дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво