19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири ҶТ: «Сифати масолеҳ ва технологияи муосири роҳсозӣ кафолат медиҳанд, ки роҳҳо муддати тӯлонӣ хизмат расонанд»

348
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар”, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Синдзян Бейсин ЛТД ва “Синоҳайдро Корпорейшн ЛТД” амалӣ гардида истодааст, дидан намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат зимни боздид тазаккур дод, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи мазкур зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор додани ин иншоот ба вусъат бахшидани гардиши муомилоти дохилӣ, паст гардидани арзиши хизматрасониҳои нақлиётӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва дар маҷмӯъ, ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи аввали он аз км 0+275 то 33+475-ро дар бар мегирад. Дар ин марҳила тибқи меъёрҳои категорияи 1-и техникӣ, сохтмону аз нав барқароркунии 8 пул, аз ҷумла таҷдиду навсозии як пули калон дар болои дарёи Кофарниҳон, як гузаргоҳи зеризаминӣ, чор роҳи зеризаминии чорвогузар ва ду пули таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар ин иншоот сохтмони қубурҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, кӯчонидани хатҳои коммуникатсионӣ, барқ, обёрикунанда, алоқа (ҳавоӣ ва зеризаминӣ), газтаъминкунӣ ва оби нӯшокӣ пешбинӣ шудааст.

Шумораи умумии кормандон дар ин лоиҳа 264 нафарро ташкил дода, аз онҳо 237 нафар (90%) сокинони маҳаллӣ ва 27 нафари (10%) дигарро мутахассисони хориҷӣ ташкил мекунанд. Мутобиқи маълумотномаи Вазорати нақлиёт, корҳои сохтмонии анҷомдода то имрӯз зиёда аз 50 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба нақшаи иҷрои корҳои тасдиқгардида то имрӯз 15% кам мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат аз роҳбарони лоиҳа ва масъулини Вазорати нақлиёт талаб намуд, ки дастурҳои Сарвазири ҷумҳурӣ оид ба сари вақт ва бо сифат анҷом додани корҳои сохтмониро дар муҳлатҳои пешбинишуда таъмин намоянд ва ин қафомонӣ дар муҳлати кӯтоҳ бояд аз ҳисоби вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ бартараф карда шавад.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдид намудани 39,6 км роҳи автомобилгард аз км 33+475 то 73+050 тибқи меъёрҳои категорияи 1-и техникӣ дар назар аст. Дар ин марҳила сохтмони 8 адад пули нав, 5 адад гузаргоҳи зеризаминӣ, 1 адад пули пиёдагузар ва таҷдиди 1 адад пули мавҷуда ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин марҳила Ширкати “Синоҳайдро Корпорейшн ЛТД” тарзи ташкили корро нисбатан хубтар ба роҳ мондааст, аммо тибқи нақшаи тасдиқгардида, иҷрои корҳои қафомондаи ин ширкат 3%-ро ташкил мекунад.

Анҷоми корҳои сохтмонӣ барои марҳилаи аввал августи соли 2020 ва марҳилаи дуюм соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Муовини Сарвазири мамлакат аз сармуҳандисони ҳарду ширкат талаб намуд, ки намунаҳои озмоишии ҳар қитъаи замини зери сохтмон омадаро вобаста ба устуворӣ мавриди ташхиси дақиқи озмоишгоҳӣ қарор диҳанд ва сифати маводу масолеҳи дар сохтмони ин иншоот истифодашаванда бояд мутобиқ ба стандартҳои соҳавӣ бошад, зеро кафолати ба муддати тӯлонӣ хизмат расонидани роҳҳои бунёдшаванда ба ин омилҳо вобастагии зич дорад. Зикр гардид, ки мутаассифона, усули кунунии гирифтани намунаҳо наметавонад ба талаботу меъёрҳои муосири роҳсозӣ ҷавобгӯй бошад.

Як сол тӯлонитар хизмат расонидани роҳҳои бунёдшаванда метавонад миллионҳо сомонии буҷаи давлатро сарфа намояд.

Директори Маркази татбиқи таҷдиди роҳҳои ҷумҳуриявӣ вазифадор гардид, ки камбудиҳои ошкоршударо дар якҷоягӣ бо мутахассисони лоиҳа ва вазорат бартараф намуда, дар самти таъмини сифат ва сари вақт ба истифода додани иншооти мазкур аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода намояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво