19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БО УМЕДУ ОРЗУҲОИ НЕК ВА НАҚШАҲОИ СОЗАНДА

283
БО УМЕДУ ОРЗУҲОИ НЕК ВА НАҚШАҲОИ  СОЗАНДА

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2020

Ҳамкасбони муҳтарам, дӯстони азиз!

Соли 2019-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, анҷом меёбад ва Соли нави 2020 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.
Аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи худам мехоҳам ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2020, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва наздиконатон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли 2019 барои халқи тоҷик басо соли хотирмон боқӣ мемонад. Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд. Дастовард ва рӯйдоди воқеан таърихии соли 2019 ин бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 сентябри соли 2019 ба кор оғоз кардани агрегати дуюми иншооти тақдирсози мамлакат - нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.
Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон беш аз пеш саҳм мегузоранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки мо дар тӯли чанд соли охир тавассути таъмин намудани рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди нақбу шоҳроҳҳо, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, раванди неки ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишварамонро вусъат бахшида истодаем.
Бо мақсади зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар мамлакат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Дар ин раванд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”-ро баргузор намуд.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои бинову иншоотҳои сохташаванда, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуда, зиёда аз 60 ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо пешниҳод намуданд.
Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави замонавӣ бомаром идома дорад. Рушди соҳаи сохтмони мамлакат боиси афзоиши ҳаҷми масолеҳи нави бинокорӣ ва технологияҳои муосир мегардад ва табиист, ки ин раванд ба бинокори асил на танҳо осонӣ меоварад, балки сифати заҳмати ӯро бамаротиб беҳтар мегардонад.
Имрӯз агар ба пойтахти кишварамон нигарем, бе душворӣ мушоҳида менамоем, ки биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҳамвор, хиёбону гулгаштҳои зебо ба он ҳусни дигар зам намудаанд. Чунин дигаргуниҳои хушҳолкунанда на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру навоҳии кишварамон ба амал омада истодаанд.
Ташаббускори азнавсозиҳо ва илҳомбахши сохтмони иншооти муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Итминони комил дорам, ки дере нагузашта, сарзамини хуршедии мо - Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Президенти мамлакат бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мегардад.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Ҷиҳати ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат, аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои ангоравии маркази саломатӣ, боғчаи кӯдакон, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маркази таълимӣ – истеҳсолии занона, нонвойхона, коргоҳи дузандагӣ ва ҳаммом, коргоҳи дузандагӣ, таваллудхон, ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн, мактаб, бинои иловагии таълимӣ, коргоҳи қаннодӣ ва чойхона, китобхона, маркази хизматрасонӣ (сартарошхона, кошонаи ҳусн ва таъмири пойафзол) таҳия гардида, айни замон дар сомонаи Кумита барои корбарӣ пешниҳод карда шудааст. Инчунин, лоиҳаи кории иншоотҳои зикршуда аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронида шуда, ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод шуда истодааст.
Ҳоло барои рушду инкишофи соҳаи меъмориву сохтмон дар мамлакат ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат нақшаҳои генералӣ марҳала ба марҳала аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, кӯчаҳои васеъ ва хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда шудааст.
Мо сохтмончиёну меъморон бояд дар соли нави мелодӣ ба хотири пешрафти соҳа ва ободии диёрамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бори дигар ҳамаи шумо - дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон барои шукуфоии Ватани азизамон муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.
Соли Наватон муборак бошад!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво