29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Китоби олимони иқтисодшиноси тоҷик дар Германия ба нашр расид

363
Китоби докторони илми иқтисод, профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров бо номи «Аграрный сектор экономики: пути перехода к устойчивому развитию» («Бахши кишоварзии иқтисодиёт: роҳҳои гузариш ба рушди устувор»), ки соли ҷорӣ дар нашриёти LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING-и Ҷумҳурии Федеративии Германия нашр шуд, мавриди истиқболи гарми муштариён қарор гирифт, хабар медиҳад ҳафтаномаи «Омӯзгор».

Дар саҳифаи аввали ин китоби пурарзиш дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки айни замон муаллифон дар ин муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, маълумот ва аксҳо ҷойгир карда шудааст.

«Мавриди зикр аст, ки профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров ба қатори беҳтарин олимон ва 200 ҳазор нафар беҳтарин муаллифоне, ки китобҳои худро дар сатҳи байналмиллалӣ мунташир намудаанд, дохил гардидаанд», — навиштааст ҳафтаномаи «Омӯзгор».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво