23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

466
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Рӯзи 4 январи соли 2020 дар толори мактаби ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ва бошандагони ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон”- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳия ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба қисматҳои Паём, ки бевосита ба кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста буд, суханронӣ намуд.
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар навбати худ, аз ҷониби Раиси Кумита, роҳбари гурӯҳи корӣ, зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар амал татбиқ намудани он кафолати рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб менамояд. Аз ҷумла, оид ба бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои соли 2020 ва дигарҳо суханронӣ карда шуд.
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Раиси Кумита барои тафсиру таблиғи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчунин доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, имконияту шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бунёди инфрасохтори мувофиқ ба талаботи муосир андешаҳои худро баён намуд.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимои иқтисодии кишвар барои ҳалли он дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамчунин, муроҷиати Пешвои миллат ба ҳар як сокини мамлакат оиди то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин фаҳмонида шуд, ки бояд ҳар як оила кӯшиш ба харҷ диҳад.
Сипас, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷабборов Ҷ. суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои амнияти кишвар, пешгирии роҳҳои терроризму экстремизм, шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарон ибрози назар намуд.
Дар баромади худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов М. оид ба дастовардҳои кишвар, масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, қадр намудани арзишҳои давлат, чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии дарпешистода суханронӣ намуд.
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз ҷумла, иштирокдорон зикр доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дарвоқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон зимни мулоқот баромадкунандагон ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Рӯзи 5 январи соли 2020 бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо аҳолии деҳаҳои Мушкруд ва Ҷовидони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, масъалаҳои корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи деҳаву маҳаллаҳо, дар макони зисташон мулоқотҳои судманд доир гардиданд.
Шарҳи муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Таъкид гардид, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳар як оила манзили зист, кӯчаву хиёбон ва маҳалҳои аҳолинишинро бояд таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонад.
Аҳолии деҳаҳои мазкур аз чунин вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба иҷрои ҳатмии супоришҳои Паёми Пешвои миллат омодагии худро иброз намуданд ва ба саволҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Баъдан, гурӯҳи корӣ аз аҳволи ду оилаи эҳтиёҷманд ва камбизоати деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ, ба монанди орд, биринҷ, равған, макарон ва картошка кӯмакрасонӣ намуданд.

А.Сафаров,
“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво