19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кӯдакистони рақами яки шаҳри Хоруғ соҳиби бинои дуошёна гардид

366
Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хоруғ боз як кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин кӯдакистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Кӯдакистони замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 100 ҷой барои кӯдакон аст. Он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо харҷи беш аз 4,2 миллион сомонӣ дар зарфи се сол қомат афрохт. Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо»-и ноҳияи Шуғнон сохт шуда, дар бунёди он 35 нафар сокинони маҳаллӣ саҳм гузоштанд.

Мудири шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шероз Абдуллоев гуфт, ки бинои кӯҳнаи кӯдакистони рақами якуми шаҳри Хоруғро охири солҳои 50-уми асри гузашта сохта буданд ва он барои таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ шуда буд. Ҳоло дар ин ҷо 220 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинобар ин бо хоҳиши волидайн дар паҳлӯи он бинои нави дорои тамоми шароити замонавӣ сохта шуд. Дар ин кӯдакистон 20 нафар фаъолият мекунанд, ки даҳ нафарашон мураббӣ мебошанд.

Бино дорои 24 ҳуҷраи кушоду барҳаво буда, дар таҳхонаи он маҳсулот ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ошёнаи аввал ҳамчунин толори зебои фарҳангӣ, ошхона барои кормандон ва бунгоҳи тиббӣ ҷой дода шудаанд.

Фармоишгари ин иншоот шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Зимни шиносоӣ бо ҳуҷраҳои бинои кӯдакистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов изҳори миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, аз мураббиёну кормандони техникии кӯдакистон даъват кард, ки пайваста донишу ҷаҳонбинии худро такмил дода, барномаҳои таълимю фароғатии худро бо истифода аз чунин шароити мусоид боз ҳам баландтар бардоранд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов, “дар ҳудуди шаҳри Хоруғ шаш кӯдакистон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз ҳазор нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар 18 маркази рушди барвақтии кӯдакон қариб 100 кӯдак таълиму тарбия гирифта, 70 нафар мураббияҳо ба омӯзиши ин кӯдакон машғуланд. Ҳанӯз ҳам талабот нисбат ба биноҳои замонавӣ зиёд аст ва умедворем, ки бо кумаку дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ батадриҷ ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад”.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво