20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди беш аз 2 ҳазор иншоот дар Суғд ва соҳиби шуғли доимӣ гардидани занону духтарони хонашин

388
Бунёди беш аз 2 ҳазор иншоот дар Суғд ва соҳиби шуғли доимӣ гардидани занону духтарони хонашин
Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 471 иншоот пешбинӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2 ҳазору 293 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 7 ҳазор иншоот бо шумули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, қасрҳои фарҳанг, 39 боғи фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, китобхонаҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо, сартарошхона, ҳаммом, кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдову хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво