25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардид!

333
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба як қатор дастовардҳои назарраси сатҳи байналмилалию минтақавӣ ноил гардид, ки сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ барои рушди деҳот» дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» яке аз онҳост.

Ин намоишгоҳ аз 29 апрел то 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.

8-уми октябр дар маросими расмии ҷоизасупории Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ дар асоси хулосаи коммисияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар аз кишварҳои гуногун таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои боғдорӣ (AIPH) Бернард Костером Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ, ташкили кори Павилион ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, аз Павилиони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба мавзуъ дастовардҳои соҳаи боғдории худ, аз ҷумла меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, фишурдаи меваҳо, асал, обҳои ташнашикани ширкати навтаъсиси «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои худро муаррифӣ намуд.

Дар баробар ин, ба меҳмонон ва ташрифоварандагони Намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки дар доираи Намоишгоҳи мазкур бори аввал ширкати ватании «Абрикос и компания» ба бозори калони Чин барои фурӯши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дод.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар баробари ин ташрифи бевоситаи Сарвари давлат ба гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ нақши муҳим ва калидиро барои ноил гардидан ба ин дастовард бозид.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «ЭКСПО-2019»-ро тамошо карданд.

Дар ин намоишгоҳ бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаи боғдорӣ, тиҷорату сайёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маводи имкониятҳои сайёҳии кишвари офтобиро ба маъраз гузошта буданд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — куҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шуда буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво