8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи синфхонаҳои нави таълимӣ барои омӯзгорони ВМКБ

1181
Бахши вилоятии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф соҳиби чаҳор синфхонаи муҷаҳҳаз бо навтарин васоиту таҷҳизоти таълимӣ гардид. Акнун омӯзгорони вилоят ҳангоми давраҳои омӯзишӣ имкон пайдо мекунанд, ки бо истифода аз ин асбобу ашёи таълимӣ сатҳи дониши назариявӣ ва амалии худро боло баранд. Яке аз ин синфхонаҳо барои омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, таҳияи таом ва дигар воситаҳои рӯзгордорӣ пешбинӣ шуда, дар синфи дигар омӯзгорони фанни таълими меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ низ синфи махсус ихтисос дода шудааст.
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода баён дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ оид ба боз ҳам баланд бардоштани дониши техникии омӯзгорон ва ба шароити муосир роҳандозӣ намудани таълиму тарбияи насли наврас махсус таъкид намуд. Аз ин рӯ мо барои ба сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани раванди таълим аз ҳамаи тадбиру имконоти мавҷуда истифода мебарем.
Ин синфхонаҳо дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд ва ба гуфтаи директори донишкадаи мазкур минбаъд низ чунин ҳамкорӣ бо мақсади пешрафти соҳаи маориф бо дигар созмону институтҳои илмии байналмилалӣ идома меёбанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво