19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ — РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд

522
Шурӯъ аз соли 1936, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабр Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Солҳои охир рушду нумӯи соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ афзалият пайдо карда, афзудани тавлидоти неруи барқ сабаб гардид, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат рушд ёбанд.

Дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи энергетика Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо ИСМОИЛЗОДА андешаҳояшро оид ба рушди энергетика, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ чунин баён намуд:

— Тавре медонем, аз солҳои сиюм дар Тоҷикистон сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва бунёди инфрасохтори он оғоз ёфтанд. Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ мутараққӣ табдил ёфт. Бунёди силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Вахш», «Қайроққум» ва неругоҳҳои пуриқтидори «Норак» ва «Бойғозӣ» иқтидори истеҳсолии барқро дар мамлакати мо хеле афзун намуд ва тамоми ҷумҳурӣ электрикунонида шуд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ шудани сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардад.

Дар ин солҳо ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид.

Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии мамлакат бобати ташкил ёфтани бозори байналмилалии барқ, аз ҷумла, бунёди лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» амалӣ гашта истодааст.

Инак ду сол боз чун самараи неку муваффақона дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт.

Ба кор даровардани ду агрегати НБО «Роғун» воқеаи муҳими таърихӣ ва сиёсӣ буд. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, аз ин имтиҳони муҳими таърих гузашт ва ормони миллии мо, тоҷикон амалӣ гардид.

Тавре ҳама медонем, аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд. Ногуфта намонад, ки мо давлати худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон шудани «расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ» маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад. Дар робита ба ин, дар Паёми соли гузаштаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст: «Итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем».

Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.

Сарвари давлат ба рушду нумуи соҳаи энергетика диққати махсус медиҳанд. Соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд иншооти энергетикии мамлакат боздид ба амал оварданд.

Аз ҷумла, 20 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

25 июни соли равон дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияҳои водии Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.

Имсол дар НБО «Қайроққум» низ корҳои таҷдиду навсозӣ оғоз ёфтанд. 23 август Пешвои миллат ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.

24 август дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии «Темурмалик» мавриди истифода қарор гирифт. Ин зеристгоҳи барқии 110/10 кВ дорои ду адад трансформатори иқтидорашон 25000 киловолт – ампер мебошад.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар 28 соли Истиқлолият вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба неруи барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии мамлакат афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, манзилҳои истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.

Ғайр аз ин, тибқи супориши роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили вазъи ҷорӣ мо бояд ба он ноил гардем, ки мардум чӣ дар хонадон ва чӣ дар корхонаву муассисаҳо аз маърифати энергетикӣ бархурдор бошанд ва неруи барқро сарфакорона истифода баранд.

Мо — энергетикҳои ҷумҳурӣ бояд кӯшиш намоем, ки дар таъмини барқ ягон халал ворид нагардад ва мардуми мамлакат дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин бошанд. Ин обрӯву эътимоди энергетикаи тоҷик ва ҳар яки моро афзун сохта, сабаби пешрафти муназзами иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мегардад.

Ман бовар дорам, ки кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, то ин мақсади наҷиб ҳарчи тезтар амалӣ гардад ва мо дар муҳлати наздиктарин ба истиқлолияти комили энергетикӣ мушарраф гардем. Бо боварии комил метавон гуфт, лоиҳаҳое, ки дар соҳаи энергетика амалӣ шуда истодаанд, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамоянд.

Бо ин орзуву омоли неку фараҳбахш аз фурсат истифода бурда энергетикҳои мамлакатро, ки ба офаридани нуру гармӣ машғуланд, бо иди касбиашон табрик гуфта, барору комёбӣ ва дастовардҳои фараҳбахши меҳнатӣ таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво