25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи тасаллияти Рустами Эмомалӣ ба Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев

430
Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Ҷаҳонгир Обидович,

Хабари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд, ки сабаби ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калон ба бор овард, моро хеле андӯҳгин кард.

Итминони комил дорем, ки тадбирҳои аз ҷониби ҳокимияти бародаршаҳри Тошканд андешидашаванда барои ҳарчӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои ин садама мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони қурбониён иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво