29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон»-ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон

560
[medium=left][/medium]
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимону донишмандон ва таърихнигорони тоҷик ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани имконият ва мусоидат ба таҷлили бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 изҳор намуданд, ки «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».

Раиси вилоят аз таърихи сулолаи Сомониён ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки “ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шуд. Аммо дар ҳар давру замон иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад. Бо чунин вазъияти печидаву мураккаб ҳатто дар охири асри 20 низ халқи тоҷик рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои беши хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд”.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода матни табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 120- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши илмӣ қироат намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки “зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин ҷараёнҳо ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданду ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд. Ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддини Айни гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд менамуданд. Баъди инкилоби Октябр ҳам барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон монеа эҷод карданд, аммо мавҷудияти Точикистонро бо намояндагӣ аз миллати тоҷик маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур бо далелу бурҳони қотеъ ва санаду арқоми мушаххас муаррифӣ кард. Ва исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби давлату забон, расму суннати хос ва таҷрибаи бои давлатдорӣ буд. Ба он қонеъ нашуда, ба унвони роҳбари онвақтаи шӯравӣ И. Сталин нома навишт ва зарурати ташкили Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ин Иттиҳодро тақозо кард. Танҳо аз пас аз ин Тоҷикистон чун ҷумҳурии алоҳида ба ин иттиҳод шомил шуд”.

Дар ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода дар бораи саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории давлати тоҷикон ибрози назар намуданд.

Пас аз ҳамоиши илмӣ иштирокдорони он ба пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошта, аз осорхонаи ин ходими намоёни давлатӣ, ки дар зодгоҳаш-Ҷамоати деҳоти Поршинев ҷойгир аст, дидан намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво