17 январ 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ҲОДИСАИ АСТРОНОМӢ. 26 декабр гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Шарҳи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

243
26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад.

Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ шарҳ дод.

«Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад, ки дар ин марҳала Моҳтоб аз Замин тамоман дида намешавад. Вобаста бо чунин шароит, гирифти Офтоб ҳодисаи зуд такроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5 ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз он на зиёда аз дутояш пурра ва ё ҳалқамонанд мебошанд», — гуфт номбурда.

Ба нақли олими тоҷик, гирифти ҳалқамонандии Офтоб 26 декабри соли 2019 дар ҳамаи рӯи Замин дида намешавад. Шароити мусоид барои мушоҳидаи ҳолати пурраи ҳодиса дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Суматра, Сингапур хоҳад буд. Марҳалаҳои гирифти Офтоб дар Осиё, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, Кавқоз, Қазоқистон, Сибир ва Урал қисман дида мешаванд.

«Дар Тоҷикистон ҳодисаи Моҳи нав 26 декабри соли равон, соати 10:13-и вақти маҳаллӣ ба амал меояд. Гирифти Офтоб 26 декабр, соати 8:34-и вақти маҳаллӣ сар шуда, соати 13:05-и вақти маҳаллӣ ба охир мерасад. 26 декабр дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 8:30-и вақти маҳаллӣ тулӯъ мекунад. Пас, мушоҳидаи марҳалаи қисмани гирифти Офтоб дар минтақаи Тоҷикистон бо назардошти обуҳавосанҷии хуб мумкин мебошад», — илова намуд Гулчеҳра Қоҳирова.

Директори ин муассисаи илмӣ инчунин зикр кард, ки рӯйдоди гирифти Офтоб ба саломатии инсон ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки пас аз гирифт ё ҳангоми гирифт ягон намуд далелҳои манфӣ нисбат ба инсоният ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз ҳангоми гирифти Офтоб одамон бевосита метавонанд мисли ҳаррӯза фаъолият намуда, ба ҳар хел иғво ё шарҳу тавзеҳи хурофотӣ эътибор надиҳанд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво