28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон

432
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон


13 декабри соли 2019 дар толори калони маҷлиси Кумимтаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машғулият вобаста ба тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу тавзеҳи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо Латифзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломова Боғигул Тағоймуродовна ва мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин ҳузур доштанд.
Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло ба кори семинар-машғулият ҳусни оғоз бахшида, изҳор намуд, ки имрӯз Кумита тасмим гирифтааст, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бо ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи босамари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 августи соли 2017, №1461, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011, №470 бо иштироки васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон семинар – машғулият баргузор намояд.
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон


-“Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард”-гуфт дар баромади худ Ш.Раҳматуллозода.
- Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, зеро, ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
-Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ –чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд. Дар анъанаи миллии мо либосҳои тоҷикидӯхт ва шинам дар зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд. Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем.
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон


Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Латифзода дар суҳбати худ дар бораи қадру манзалиати Зан-Модар, дар бораи масъулияти баланди падару модар дар тарбияи фарзанд, дар бораи баробарии гендерӣ ва ҳамчунин дар бораи сару либоси занону бонувони тоҷик сухан гуфта, оид ба баланд бардоштани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон истода гузашт.
Ў қайд кард, ки шурӯъ аз соли 1993 то ба имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенцияи оид ба барҳам додани табъизи ҳуқуқҳои занонро эътироф намуд ва аз ҳамон сол узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шуда, ба як қатор ӯҳдадориҳо, аз он ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон масъул гардид. Метавон гуфт, ки имрӯз вазъи занон ва ҳуқуқу имкониятҳои онҳо дар ҷумҳурӣ хеле хуб гаштааст. Чи тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, агар соли дар соли 1991 ин 49% буд, баъд аз 6 соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соли 1997 теъдоди духтарон дар мактабҳои олии кишвар ҳамагӣ 19%-ро ташкил дод. Маҳз дар ҳамин давра қабул шудани квотаи президентӣ ба он мусоидат кард, ки имрӯз дар мактабҳои олӣ теъдоди духтарон ба теъдоди ҷавонписарон баробар гардид. Гузашта аз ин зиёда аз 50% кормандони соҳаи маорифро занон ташкил медиҳанд. 60% кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби занон ҳастанд. Имрӯз теъдоди занони олима ва ихтироъкор афзудааст. Худи соли 2019 9 нафар занони ихтироъкори тоҷик дар пойтахти Кареяи Ҷанубӣ- Сеул соҳиби ҷоиза ва медалҳо барои ихтироот гардиданд. Маҳмадалиева Муҳаббат дар байни 500 нафар иштирокчӣ аз мамлакатҳои дунё соҳиби ҷоизаи “Эквадор-2012” гардида буд. Имрӯз ба номи олимаи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова, ки ҳамзамон директори институти астрофизикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, номи ситораеро бо номи ӯ гузоштаанд. Умуман, се номи ҷирми осмонӣ ба номи се нафар зани тоҷик гузошта шудааст.

Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон

Бо таъсис додани гуруҳи корӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби муовинони вазорату идораҳои масъул вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар сатҳи ҳифзи ҳуқуқҳои занон, се гуруҳи дигар созмон дода шуданд: гуруҳи якум дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила, гуруҳи дуюм дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи сеюми корӣ дар назди Пракуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аввалӣ вобаста ба такмили қонунгузории амалкунанда оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон, дуюмӣ вобаста ба барҳам додани қолабҳои гендерӣ ва саввумин дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият мебаранд. Айни замон ин се гуруҳ таклифу иловаҳоро оид ба такмили ин ё он қонун барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Олимӣ Марҳабо Латифзода диққати ҳозиринро ба масъалаи ба бегонапарастӣ рӯй овардани занон ҷалб намуд. Ў гуфт, ки солҳои охир вобаста ба пешгирӣ намудани ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб намудани занону духтарон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудааст. «Стратегияи миллии муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2017-2020» қабул шудааст. Бо аҳли оила ба Сурия ва Ироқ рафтани занон ва духтарони тоҷик нигаронкунанда аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист 84 нафар кӯдакро ба ватан баргардонад. Вале мутаассифона ҳоло низ 400 нафар занону духтарони тоҷик дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагиҳои ин давлатҳо гуфтушунид карда истодааст, ки занонро ба ватан баргардонад. Имрӯз мо бояд пеши роҳи гумроҳшавии занону духтаронро дастаҷамъона бигирем, таъкид намуд ӯ.
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон

Мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбат намуд. Ў гуфт, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолӣ вобаста ба вазъу ҳолати ҷомеаи худ талош мекунад қонунҳое қабул намояд, ки ҷомеаро ба роҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намоянд ва пешрафти онро таъмин созанд.
Яке аз чунин қонунҳои воқеан миллӣ, ки баъд аз чандин муддати таҳқиқу мушоҳидаҳои масъулин ва бахусус Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 сол қабл бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат пешниҳод ва аз ҷониби парламент қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, сарфи назар аз мушкилоти зиёди дохилӣ, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд ва ҳамеша аз доман паҳн кардани ин гуна одатҳо ва суннатҳои миёншикан изҳори нигаронӣ менамуданд.
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон

Соли 2007 баъди гузаронидани назарсанҷиҳои умумихалқӣ ва бо дарназардошти андеша, пешниҳод ва таклифҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид.
Баъд аз қабули қонуни мазкур аз 70 номгӯи ҷашну маросимҳои миллӣ дар кишвар танҳо 15 номгуйи онҳо боқӣ монд.
Ин қонун бо гузашти ҳамагӣ шаш моҳ тавонист, ки аз ҷониби халқ дастгирӣ ёбад, яъне натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловаҳо ворид шуданд, ки тавзеҳи онро мо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот бо фаъолон ва роҳбарону сокинони кишвар шунидем.
Қонуни танзим ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст ва ҳадафи дигари он рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму ойинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик мебошад.
Боиси ифтихори кишвари мост, ки дар он нахустин иқдомот барои пешгирӣ аз исрофкориву аз зери бори гарони қарзу ҳар гуна ҳурофот озод кардани мардум тавассути қонун ба роҳ монда шуд.
Ў гуфт, ки имрӯз ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як хизматчии давлати вазифадор аст, ки ин ду қонунро риоя намояд. Танҳо дар ин сурат ҷомеа метавонад пеши роҳи пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористиро гирад. Номбурда бори дигар дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муфассал истода гузашт. Ў таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин қонун дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хурофоти зиёдатӣ ва риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Қобили қайд аст, ки дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин риоя ва иҷрои фарҳанги либоспӯшӣ бо фармоишҳои Раиси Кумита комиссияҳои дахлдор таъсис дода шудааст, ки татбиқи амалӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонунҳои мазкурро дар дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъмин менамоянд.
Либоси миллӣ -ёдгоре аз гузаштагон

Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аҳли кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ амалӣ мегардад. Комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳар як корхона ва ташкилоти Кумита бояд корро пурзӯр намуда, иҷрои бечунучарои онро таъмин намоянд.
Дар анҷоми семинар- машғулият оид ба мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи фарҳанги либосҳои миллӣ Кумита тибқи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин се навъи либоси мардонаву занонаи корӣ, расмӣ ва истироҳатиро намоиш доданд.
Д.Нурзода,
“Рӯзномаи бинокорон”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво