19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни Наврӯз дар Бохтар се корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд

292
Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2020 дар шаҳри Бохтар се корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бунёди 307 иншоот пешбинӣ гардидааст. Аз ин теъдод 89 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, айни замон сохтмони зиёда аз 100 иншоот бомаром идома дорад. То имрӯз дар шаҳр 4 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди 14 корхонаи дигар идома дорад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то соли 2021 дар шаҳр бунёди 65 бинои истиқоматии баланд­ошёна ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло сохтмони як бинои 6 ва 15-қабата ва чор сеошёна ба итмом расида, ҳамчунин ду бунгоҳи саломатӣ, бинои кумитаи маҳалла, шаш маркази савдо, чойхона, ду сартарошхона, кошонаи ҳусн, майдончаҳои бозии кӯдакон ва чор дӯкони тиҷоратию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.



Тибқи иттилои манбаъ, бунёд ва навсозии 10 майдону гулгашт, аз ҷумла, маҷмааи «10 – солагии Ваҳдати миллӣ», майдонҳои ба номи Рӯдакӣ, Румӣ, «Шаҳидон», маҷмааи «Нишони давлатӣ», «70 – солагии азхудкунии водии Вахш», боғи истироҳатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, боғчаи истироҳатии кӯдаконаи «Фирдавс» ба маблағи 10,6 миллион сомонӣ ба анҷом расиданд, ки 5,3 миллион сомонии он аз ҳисоби соҳибкорон мебошад.



Ёдовар мешавем, ки таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар бо дарозии 73,2 км идома дорад. Татбиқи лоиҳа ба ду марҳила ҷудо карда шудааст. Марҳилаи якуми лоиҳа 33,2 км роҳи мазкурро дар бар мегирад, ки ба он 96,4 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст. Барои амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳа 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи маблағгузории иловагӣ –грантӣ ба андозаи 90 миллион доллар ба имзо расонида шуд. Марҳилаи дуюми лоиҳа 40 км роҳро аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар бо сохтмони як адад пул аз болои дарёи Вахш бо дарозии 330 метр дар бар мегирад.

Инчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 8 адад пул, 14 адад чорсӯ ва гардишҳо, 18 адад истгоҳҳо ва павилйонҳо, 8 гузаргоҳи чорвогузар, се гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки аз он як адад рӯизаминӣ ва ду адад зеризаминиянд, сохта мешаванд. Роҳи мазкур дорои чор хати ҳаракат буда, паҳноии қисмати роҳ аз 23 то 36 метрро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур, ки соли 2018 оғоз гардидааст, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад.

Масъулини Мақомоти иҷро­ияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ободонии шаҳру деҳоти мамлакат сармашқи фаъолият қарор дода, талош доранд то ҷашни фархундаи миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо бунёди иншооти муосиру ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ симои шаҳрро ба таври шинохтанашаванда тағйир диҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо сокинони меҳнатқарини он барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр саҳми арзанда мегузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво