20 январ 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар шаҳри Брюссел Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

186
10 декабр дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич Радман роҳбарӣ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзномаи нишаст баррасии ҷанбаҳои асосии мушоракат ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро фаро гирифт.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин роҳу василаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, вазъи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мавзӯъҳои энергетика, амнияти сарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт. Зимни нишасти матбуотӣ ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда ибрози қаноатмандӣ намуда, барои идома додани муколамаи созанда ҳавасмандии худро таъйид карданд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво