24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо Маркази саломатӣ бунёд ва 2 км роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид

361
Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва сокинони ҷамоат дар фазои идона Маркази саломатии деҳаи Батош ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии оилаи Сайфуллоевҳо сохта шуд. Бинои мазкур аз таҳхона, 2 ошёна ва 24 ҳуҷраи тиббӣ иборат буда, барои расонидани хизмати тиббии рӯзона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, 27 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Илова ба ин дар деҳа аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо 2 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, бо маблағи беш аз 2 млн сомонӣ корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт, ки “дар баробари дигар мардуми мамлакат сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода дар ободонии Ватан ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ман бо истифода аз фурсати муносиб ба оилаи Сайфуллоевҳо аз номи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуда, боварӣ дорам, ки минбаъд низ дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд”.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода кормандони маркази саломатии деҳаро бо ифтитоҳи чунин иншооти муосир табрик намуда, даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии сокинон содиқона хизмат намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази мазкур як таҷҳизоти муосири ултрасадо ва барои 10 маъюб аробачаи маъююбӣ ҷудо намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси марказ мешавад.

Соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев зикр намуд, ки ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ ояндаи наздик ба маркази саломатии Батош боз як нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво