23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ҷоми Кумита-2019»

411
Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавӣ гардонидани футбол дар байни кормандони Кумита ва корхонаву ташкилотҳои дахлдори соҳа мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита-2019» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи дастгоҳи марказӣ, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ҶСК «Шаҳрофар», КВД “Лоиҳакаш”, КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ», ҶСК «Саноатсоз», ҶСК «Корезлоиҳа», Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП», КВД «Душанбешаҳрсоз», ҶДММ «ГМ ва Партнёрҳо» ва ҶДММ «Абрис» иштирок намуданд.

«Ҷоми Кумита-2019» «Ҷоми Кумита-2019»

Мусобиқа санаи 11 ноябр оғоз гардида, санаи 7 декабри соли 2019 ҷамъбаст гардид.

Ба бозиҳои финалӣ 4 даста – КВД «Душанбешаҳрсоз», факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҶСК «Корезлоиҳа» ва ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» роҳ ёфтанд.

«Ҷоми Кумита-2019»

Барои ишғоли ҷойи 3-юм ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» бо ҶСК «Корезлоиҳа» қувваозмоӣ намуданд ва ғолиби ҷойи 3-юми мусобиқа ҶСК «Корезлоиҳа» дониста шуд.

Бозингари беҳтарини мусобиқа конструктори КВД «Душанбешаҳрсоз» - Садиров Меҳробҷон, дарвозабони беҳтарин устоди факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон - Зарифов Азиз ва голи беҳтарин конструктори ҶСК «Корезлоиҳа» - Қурбонов Толиб дониста шуданд.

Барои ишғоли ҷойи якум КВД «Душанбешаҳрсоз» бо факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо задани 2 гол ба дарвозаи КВД «Душанбешаҳрсоз» ғолиби ҷойи якум гардид.

«Ҷоми Кумита-2019»

Пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ҷоиза ва ба дигар иштирокчиёни мусобиқа сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво