19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм доир гардид

357
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 5500-солагии Саразми бостонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон-«Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардидааст.

Дар доираи сиёсати муваффақонаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2010 ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.

Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои таҳияи барномаи фарҳангии ҷашни 5500-солагии Саразм тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшад.

Бояд гуфт, ки ҷашни 5500-солагии Саразм соли 2020 таҷлил карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво