28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Теҳрон рӯнамоии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд

865
4 декабр дар шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ахиран бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Саъдии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хатти форсӣ баргардон ва дар интишороти «Хомӯш» бо теъдоди 2200 нусха аз чоп баромад, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими рӯнамоӣ аҳли илму адаб ва маорифу фарҳанги Эрон, сафирон ва намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Теҳрон ширкат варзиданд. Дар суханрониҳои худ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Усмонзода, Вазири нерӯи ҶИЭ Ризо Ардакониён, Муовини Вазири умури хориҷаи ҶИЭ Саид Аббоси Мусавӣ, Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии ҶИЭ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Раиси Бунёди илмиву таҳқиқотии “Мавқуфоти Афшор” Муҳаққиқ Домод, адибон ва олимони маъруфи Эрон Асғари Додбеҳ, Алии Деҳбошӣ ва Ҳасани Қарибӣ (баргардонкунандаи матни китоб ба хатти форсӣ) таъкид карданд, ки китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ба таҳқиқи таърихи забоне бахшида шудааст, ки он барои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон муштарак буда, мардумони ин кишварҳо ин забонро мояи ифтихору нозиш ва ҳуҷҷати барозандагии худ дар қаламрави илму фарҳанг ва шеъру сухан медонанд. Аз ин рӯ. ин китоб, ки дар заминаи охирин дастовардҳои тоҷикшиносӣ навишта шудааст, барои аҳли илму адаби Эрону Афғонистон низ арзишманд ва муҳим мебошад.

Дар суханрониҳо андешаҳои муаллифи китоб Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи унсури ҳувиятбахш ва ҳастисози миллат будани забон ҷонибдории тамом пайдо карда, таъкид гардид, ки чунин рисолати бузурги ҳифзу идомаи ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои ақвоми ориёиро забони мо дар қарнҳои нахусти ислом дар беҳтарин сурат ба иҷро расонид. Он замон бар асари футуҳоти исломӣ мардуми бисёр кишварҳо, ки таҷрибаи таърихии чандинҳазорсола, тамаддуни оламгир ва давлатдории пуршукӯҳ пушти сар доштанд, забони модарӣ, ҳувияти милливу маънавӣ ва арзишҳои давлатдории худро гум карданд. Ниёкони мо исломро пазируфтанд, вале забон, асолати фарҳанг ва ҳувияти миллии хешро ҳифз карданд. Ҳамин забон буд, ки ба ҳувияти миллии тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ ҳастӣ бахшид ва боиси эҷоди фарҳангу тамаддуни оламгире дар аҳди Сомониён гардид.

Суханронони маросими рӯнамоӣ нақши омӯзандаву ҳидояткунандаи хулосаву натиҷагириҳои муаллифи китоби “Ҳастии миллат – забони миллат”-ро дар баҳсу баррасии масъалаҳои таърихи забони форсӣ-тоҷикӣ таъкид карданд. Аз ҷумла, муаллифи китоб собит кардаанд, ки дар давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, хоссатан дар давраҳое, ки фишорҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳувиятзудо бар миллатамон таҳмил мешуд, забони тоҷикӣ рукне аз аркони худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии мардуми тоҷик буд. Ба ин муносибат таъкид гардид, ки маҳз аз талаби озодӣ ва истиқлоли забони тоҷикӣ оғоз ёфтани раванди бозёбии ҳувияти фарҳангӣ ва худогоҳии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар арафаи расидан ба Истиқлоли миллӣ бесабаб набуд.

Пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурӯъ гардид, доираи истифодаи забони тоҷикӣ густариш пайдо кард ва он дар маснади забони давлатӣ истиқрор ёфт.

Имрӯз давлати Тоҷикистон ва раҳбари он забони тоҷикиро дар паноҳи сиёсии худ қарор дода, забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардидааст. Дар ин замина муаллифи китоб таъкид кардаанд, ки “забони мо бо истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне вақте ватани мо ватани озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфоӣ ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёкони мо мафҳуми ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст.”

Нуктаи дигари ҳидояткунандае, ки мавриди арзёбӣ ва тақдири суханронон қарор гирифт, он аст, ки муаллифи китоби “Забони миллат — ҳастии миллат” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба печидагиву мушкилии масъалаҳои таърихи забони ниёкони мо ва зикри назарҳои мухталифи аҳли илм доир ба онҳо, аз ҷумла роҷеъ ба масъалаи макон ва замони пайдоиши ин забон, таъкид кардаанд, ки ин масъалаҳо бояд дар доираҳои илмӣ ҳал шуда, боиси ҷудоӣ ва ё дурии мардумони ҳамзабон нагардад.. Муаллиф бо таъкиди иттифоқи назари донишмандон дар бораи хостгоҳи забони форсӣ-тоҷикӣ будани Хуросону Мовароуннаҳр навиштаанд, ки “барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтаанд. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сардии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд”. Муаллифи китоб забони ниёкони моро “ганҷинаи нодири тақсимнопазир” номидаанд ва афзудаанд, ки ин ганҷина “барҳақ, сарвати миллии ҳамаи халқҳоест, ки онро парварда, ташаккулу такомул додаанд ва дар тӯли таърихи пурҳаводис онро эмину пойдор нигоҳ дошта, имрӯз ҳам бо он гуфтугӯ мекунанд.”

Дар маросими рӯнамоӣ таъкид гардид, ки хонанда бо қироати китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” на танҳо аз таърихи забони мо огоҳ мегардад, балки ба ӯ аз ин китоб паёми ягонагӣ ва пайванди маънавиву фарҳангии ниёконамон мерасад. Муаллифи китоб барҳақ мубаллиғи тақвияти пайвандҳои дерини маънавиву фарҳангие мебошанд, ки аз ниёкони бедордилу огоҳамон ба мо расидааст. Аз ин рӯ, таъкид бар он доранд, ки “дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдории миллат ва кишварро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем”.

Дар фарҷоми маросими рӯнамоӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар чопи китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” ба хатти форсӣ ва дар баргузории маҳфили рӯнамоии он саҳмгузор буданд, арзи сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки аз ин китоб ба гӯши ҷони хонанда даъвати шинохти қадру қимати забони модарӣ, даъвати посдорӣ ва ҳимояти ин мероси арзишманди ниёкон мерасад. Ин даъват дар китоб чунин тавзеҳ ёфтааст: “Насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ, таърихӣ ва илмӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ ҳифз намуда, то ҷои тавон онро бо ғаномандии бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд”.

Н. Зоҳидӣ таъкид кард, ки мардуми Тоҷикистон ин даъватро аз дилу ҷон қабул кардааст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори ростини ҳимоят аз забон, маънавият ва фарҳанги ниёгон шинохта шудаанд. Далели қотеъи ин матлаб ҳамин китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” аст.

Нашри китоби Пешвои миллат ба хатти форсӣ ва маросими рӯнамоии он дар васоити ахбори оммаи Эрон бозтоби густурда пайдо кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво