28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе арчаи солинавӣ қомат меафрозад

470
Дар пойтахт корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Соли нави мелодӣ оғоз гардида, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ қомат меафрозад. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши арчаи идона машғуланд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, арчаи солинавии имсола аз арчаи соли гузашта 1-2 метр баландтар аст. Арчаи идона бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб мегарданд.

Ҳамчунин бахшида ба соли нави мелодӣ 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ» баргузории Шоу-барномаи солинавӣ ва дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи «Дӯстии халқҳо», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта мешаванд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат дар назар дошта шудааст.

Имсол дар арафаи ҷашни Соли нави 2020 дар «Боғи Устод Рӯдакӣ» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ширкати «Рахш Такси» ярмаркаи фурӯши солинавии бошукӯҳ ташкил мегардад.

Тавре сардори шуъбаи маркетинги «Рахш Такси» Руслани Сарбоз иттилоъ дод, дар назар аст, ки аз 1 декабр то 10 январ, ҳамарӯза аз соати 10:00-и рӯз то 01:00-и шаб дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ярмаркаи солинавии бошукӯҳ таҳти унвони «Соли нави 2020» роҳандозӣ шавад.

«Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорони муваффақи пойтахт ширкат намуда, маҳсулоти мухталифро пешниҳоди аҳолии шаҳр мегардонанд. Дар ин макон соҳибкорон имкони муаррифии маҳсулоти худро доранд. Сокинону меҳмонони пойтахт зимни таҷлили Соли нави мелодӣ дар баробари фароғату истироҳат дар майдони «Дӯстӣ» метавонанд бо маҳсулоти соҳибкорон шинос шуда, хӯрокиву нӯшокиҳо ва дигар ашёи писандидаашонро харид кунанд», -гуфт номбурда.

Ҳамчунин чун анъанаи солҳои пешин дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.

Дар ҷашнгоҳҳои солинавии пойтахт санъаткорону ҳунармандон суруду таронаҳои нави худро манзур намуда, баъди анҷоми ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз даҳаи охири моҳи декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили Соли нави мелодии 2020 ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар маркази майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохта буд.

Хотиррасон менамоем, ки Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш императори Рум Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво