10 декабр 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” баргузор гардид

58
Санаи 27 ноябри соли 2019 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” баргузор гардид.

Дар конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ширкат варзиданд.

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” баргузор гардид

Мақсади асосии баргузории конференсияи мазкур мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди лоиҳакашӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар соҳаи шаҳрсозӣ ва сохтмон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашию сохтмон, амалӣ ва барпо намудани ҳамкориҳо ва робитаҳои корию тиҷоратӣ мебошад.

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” баргузор гардид

Теъдоди маърузаҳои ба конференсия пешниҳодшуда 69 адад мебошад ва маърузаҳо аз ҷониби олимон, мутахассисони соҳа ва унвонҷуён пешниҳод гардид, ки асосан мавзӯъҳои зеринро дарбар мегирад. Аз ҷумла шаҳрсозӣ ва меъморӣ; сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия; таъмини дастрасии бино ва иншоотҳо ба гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ; сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар; конструксияҳои сохтмонӣ; таҳқиқи ҳолати биноҳо; мавод ва масолеҳи сохтмонӣ; экология; иқтисодиёт ва нархгузорӣ; асос ва таҳкурсии бино; масъалаи ҳавотозакунӣ ва гармидиҳии бино;

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” баргузор гардид

Ҷаласаҳои корӣ дар ду бахш сурат гирифт ва дар охир аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳо қарордоди (резолютсия) конференсия барои корбарӣ қабул гардид.

Ҳамзамон, маводҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири шаҳрсозӣ ва меъморӣ” дар шакли китоб нашр гардида, барои истифодабарӣ пешниҳод карда шуд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво