26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони ватандӯсти Хатлон ба маблағи 126,2 миллион сомонӣ роҳу пулҳоро таъмиру навсозӣ карданд

366
Дар вилояти Хатлон дар самти таъмини инфрасохтори зарурӣ, шароити хуби кор, зиндагӣ ва истироҳат, ҷолиб сохтани симои меъморӣ дар тӯли даҳ моҳи соли 2019 тадбирҳои муассир андешида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар натиҷа, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 875 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 1 миллиарду 304,4 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 649,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 388,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

1424 биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 2 миллиарду 65 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 61 мактаби дорои 8 ҳазору 43 ҷойи нишаст, 7 кӯдакистони дорои 190 ҷой, 82 иншооти соҳаи тандурустӣ, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, 94 иншооти варзишию сайёҳӣ, 44 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ин давра таъмири асосии 118 километр ва сангфаршкунии 892 километр роҳи автомобилгард, барқарорсозии 40 кӯпрук, 75,1 километр хати оби нӯшиданӣ, бунёди 10 хонаи истиқоматии баландошёна, 1273 манзили истиқоматии шахсӣ ва 742 иншооти дигар анҷом дода шуд.

Бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ба маблағи умумии 126,2 миллион сомонӣ таъмири асосии 190,4 километр, таъмири ҷории 97,2 километр, сангфаршкунии 965,4 километр роҳ ва таъмиру барқарорсозии 76 кӯпрук бо дарозии 710 метр сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво