28 январ 2020, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Пагоҳ Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ба кори худ оғоз менамояд

81
Пагоҳ, 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ оғоз мегардад. Форуми мазкур 21 ноябр идома меёбад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсти иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон роҳандозӣ мегардад.

Раиси шаҳр дар ин қарор масъулини соҳаро баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми мазкур вазифадор намудааст.

АМИТ «Ховар»






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво