29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо захираи кофии ангишт ва ҳезум ба давраи зимистон омода мебошанд

438
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Тавре аз шуъбаи иқтисодии шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо 568 тонна ангишт, 312 м3 ҳезум, 2820 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 30 тонна ангишт, 30 м3 ҳезум, 300 литр сӯзишворӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин муддат муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ пурра ба ангишт ва ҳезум таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин давоми соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дегхона ва шабакаҳои гармидиҳии мактабҳои № 22 ба маблағи 238,0 ҳазор сомонӣ ва №5 ба маблағи 47,0 ҳазор сомонӣ аз нав барқарор карда шудааст.

Раёсати молияи шаҳр дар асоси нақшаи муайяншуда 484 ҳазор сомонӣ барои иҷрои корҳои таъмирӣ ва 376,6 ҳазор сомонӣ барои хариди сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла ангишт ва ҳезум ҷудо намудааст.

Дар фасли зимистон тоза будану бо маводи зиддилағжиш таъмин будани шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Лахш барои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Роғун омехтаи маводи зидди лағжиш 750м3, 100 литр равғанҳои молиданӣ, 7 тонна ангишт, 5м3 ҳезум ва 3000 литр сӯзишвории дизелӣ захира намуда, 7 адад техникаи муассиса ҳамеша омода мебошанд.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво