19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Лоиҳаи «Дастурамал оид ба таъмини об дар маҳаллаҳои аҳолинишин»-ро баррасӣ намуданд

425
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Баррасии муқаррароти техникии асосии лоиҳаи «Дастурамал оид ба таъмини об дар маҳаллаҳои аҳолинишин» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таъминоти обу беҳдошт дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Агентии Рушди Швейтсария маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби Ташкилоти Оксфами Британияи Кабир ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмии сохтмон ва меъморӣ Улуғбек Умаров, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Анвар Фозилов, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Дастурамал оид ба таъмини об дар минтақаҳои деҳот» Акрам Ахмедов, муҳандисони институтҳои лоиҳакашӣ дастур оид ба таъмини об дар нуқтаҳои аҳолинишини деҳот ва мутахассисони соҳаи обтаъминкунӣ ва обихроҷкунӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш оид ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқие, ки самтҳои асосии рушдро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва обихроҷкунӣ муайян мекунанд, Консепсияи ҳуҷҷати таҳияшуда, системаи обтаъминкунӣ ҳамчун як қисми нақшаи генералии ҷамоати деҳот, тарроҳии сарчашмаҳои оби нӯшокӣ, обанборҳои чоҳӣ ва навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар деҳот сухан гуфтанд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баррасии ҳуҷҷати мазкур аст, ки барои сохтмони шабакаҳои обтаъминкунӣ дар минтақаи деҳот мусоидат менамояд. Ҳуҷҷати мазкур барои ҳалли мушкилоти лоиҳакашии шабакаҳои хати оби нӯшокӣ дар деҳот аҳамияти калон дорад. Маҷудияти ҳуҷҷати мазкур имконият медиҳад, ки институтҳои лоиҳакаш сохтмони шабакаҳои хати оби нӯшокии устувор ва камхарҷро нақшакашӣ кунанд.

Зикр карда шуд, ки мавҷудияти чунин ҳуҷҷат барои устувории шабакаҳои сохташаванда мусоидат намуда, роҳи осон ва зуд таъмин кардани оби нӯшокӣ ба деҳоте, ки аз ҷиҳати оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, мебошад. Инчунин он тавассути ворид гардидани тағйироти зарурӣ ба меъёр ва қоидаҳои техникӣ дар масъалаи обтаъминкунӣ барои ҷалби сармоягузорӣ дар таъминоти оби нӯшокӣ мусодат менамояд. Ҳуҷҷати мазкур имконият медиҳад, ки дастовардҳои илмию техникии дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи сохтмон дар амал татбиқ шаванд.

Дар ҷумҳурӣ Барномаи миллии «Беҳтар кардани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшиданӣ дар солҳои 2008 – 2020» қабул гардидааст. Аз ин рӯ ҳамасола дар ин самт бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар доираи тадбирҳои андешидашуда корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Тавре устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Анвар Фозилов иброз дошт: «Дар шароити имрӯза оид ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ду ҳуҷҷати меъёрӣ қабул шудааст. Ҳуҷҷати асосӣ — ин «Меъёру талаботи сохтмони қонун оид ба оби ошомиданӣ» аст, ки соли 2008 ва иловатан ҳуҷҷати меъёрии нав — «Меъёру талаботи сохтмони 40-06-2017-Таъмини деҳот бо оби ошомиданӣ» соли 2017 қабул гардидаанд».

Мо,- гуфт номбурда,- қонунро қабул мекунем ва барои амалӣ гардиданаш дар ҳаёт дар амал ҳуҷҷатҳо ва санадҳои зерқонун бояд қабул карда шаванд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ аз моҳи майи соли равон таъсис дода шуд. «Мо лоиҳаро аввал дар маҳалҳо омӯхта, аз нуқтаи назари лоиҳакашон, сохтмончиён ва раванди истифода дар маҳал омӯхтем», — илова намуд Анвар Фозилов.

Мавсуф иброз дошт, ки дар натиҷаи омӯзиш бо намояндагони вазорату идораҳо, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии илмию тадқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон лоиҳаи «Дастурамали обтаъминкунии минтақаи деҳот» тартиб дода шудааст.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмии сохтмон ва меъморӣ Улуғбек Умаров иброз дошт, ки «имрӯз дар ҳақиқат лоиҳаҳои обтаъминкунӣ, ки дар деҳот сохта мешаванд, аз тарафи сармоягузорон дастгирӣ ёфта истодаанд. Аллакай чанд иншоот дар асоси ин талаботи меъёрӣ бунёд шудааст».

Фарқияти ин меъёр аз дигар меъёрҳо он аст, ки пештар маҷмуи масъалаҳо бояд амалӣ мегардиданд. Ин меъёр имтиёз медиҳад, ки масъалаи асосии таъмини об амалӣ гардида, минбаъд инфрасохтори зарурии дигар бунёд шавад.

«Дар меъёри обу обтаъминкунӣ ва обихроҷкунии соли 2017 омадааст, ки дар ҳолати сохтмон маркази сӯхторхомӯшкунӣ низ сохта шавад. Ин меъёр онро мегӯяд, ки агар дар деҳот ҳамон хадамоти махсуси сӯхторхомӯшкунӣ вуҷуд надошта бошад, баъдтар сохта мешавад. Дар навбати аввал мо бояд мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин намоем»,- афзуд Улуғбек Умаров.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки тайи солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин норасоӣ ва дастрасии нопурраи сокинони бархе аз кишварҳои олам ба оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

Тибқи маълумоти созмонҳои омории ҷаҳонӣ, имрӯз беш аз як миллиард одамон дар сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, миллионҳо нафари дигар дар шароити бади санитарӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзамон садҳо ҳазор нафар аз бемориҳои аз оби ғайрисанитарӣ бавуҷудоянда мефавтанд.

Яке аз кишварҳое, ки дар самти ҳалли ин мушкилот, яъне таъмини аҳолии минтақаву ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ бо ташаббусҳои башардӯстона ҷаҳду талош дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз силсилаиқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо Қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2003 – соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ва соли 2016 бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон –«Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардиданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ чунин изҳор доштаанд: «Проблемаи марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, кам ё беш ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад».

Тавре коршиносон мегӯнд, дар ҷаҳон қариб 1 миллиард одам ба оби тозаи бехатари нӯшиданӣ ва 2,6 миллиард ба хизматрасонии базавии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Мамлакати мо дорои захираҳои бойи об бошад ҳам, норасоии оби нӯшиданӣ ва дар ин замина ба талабот мувофиқ набудани беҳдошт, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад. Беш аз 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд.

Аз ин хотир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдоштии ба талабот мувофиқ дар сархати ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ бештар аз сармояи хориҷӣ истифода бурда, ба ин кор ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб менамояд. Аз ҷумла, ташкилотҳои маъруф ва бонуфуз — Агентии Рушди Швейтсария, Ташкилоти Оксфами Британияи Кабир ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Самти асосии фаъолияти он ба рушди иқтисодӣ, таъмини зиндагии устувор, баланд бардоштани иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ, омодагии аҳолии деҳот ба пешгирӣ ва рафъи хатарҳо аз офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво