20 ноябр 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян мулоқот намуд

15
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз пазироии самимии Президенти Ҷумҳурии Арманистон ва мардуми дӯсти арман изҳори сипос намуда, салом ва таманниёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид ва аз муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ва саҳми мардумони он дар рушду пешрафти ҷомеа, кӯшишҳои мардуми арман барои шукуфоии диёрашон ёдовар шуд.

Сафари мазкур,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров,- гувоҳи нишондиҳандаи сатҳи баланди муносибатҳои ду мамлакат мебошад, ки рушду инкишофи он на танҳо ба густариши муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки ба муносибатҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки арманиҳо ба монанди тоҷикон ба халқҳои қадимтарини ҷаҳон тааллуқ дошта, дар таърихи тамаддуни башарият нақши муассир гузоштаанд.

«Миёни Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои баӣналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон ва Арманистон, ки дар ин созмонҳо зич ҳамкорӣ доранд, ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Мулоқотҳои Сарони давлатҳои мо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Ереван бори дигар нишон медиҳанд, ки ҷонибҳо хоҳони таҳкими равобити дуҷониба мебошанд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон моҳи июни соли 2017 мазмуну муҳтавои нав гирифт. Сафари мазкур идомаи муколамаи сиёсии босуръат дар доираи вазифаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни давлатҳоямон арзёбӣ мегардад.

Президентҳои мо ба хулоса омаданд, ки барои афзун намудани гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ аз имконоти мавҷуда пурра истифода бурдан зарур аст.

Мо иштироки ширкатҳои арманиро дар бахши тиҷорат, соҳаҳои энергетика, туризм, истихроҷи маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди саноат, инфрасохтори нақлиёт, коммуникатсия ва тандурустӣ, истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва технологияҳои нав, лоиҳаҳои аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ ҷолибро дар Тоҷикистон истиқбол менамоем.

Муносибатҳои фарҳангӣ ҳамеша халқхоро бо ҳам пайваст ва муттаҳид месозанд. Зарур аст, ки ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшем.

-Мо аз ҷониби худ барои ҳамкории самарабахш бо Ҷумҳурии Арманистон омодаем»,-гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян Шукурҷон Зуҳуровро ба сарзамини бостонии кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои байнидавлатии ду мамлакат дар марҳилаи ҳозира барои рушди босуръат ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои вобаста ба манфиатҳои бунёдии ҳарду халқ дорои дурнамои васеъ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян ҳамчунин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Арманистон омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се самт, аз ҷумла кор бо технологияи нави муосир дар мавриди омода намудани барномаҳо, молия ва бонкдорӣ дар самти таъсиси марказҳои бонкӣ ва саноати хӯрокворӣ ҳамкории судманд ба роҳ монад.

Танҳо бо пурра гардонидани мазмуни амалии ҳамгироии мо дар бахшҳои воқеиии иқтисодӣ мо метавонем натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварем,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян.

Дар мулоқот аз рушди имрӯза ва дурнамои ҳамкории судбахши Тоҷикистону Арманистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Арманистон Имомуддин Сатторов ва аъзои гурӯҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво