29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Инҳоро бояд шинохт! Дар Москва Валентина Матвиенко ба Бахтиёр Усмонови 10-сола, зодаи Тоҷикистон медал «Барои шуҷоат дар наҷотдиҳӣ» тақдим намуд

319
Инҳоро бояд шинохт! Дар Москва Валентина Матвиенко ба Бахтиёр Усмонови 10-сола, зодаи Тоҷикистон медал «Барои шуҷоат дар наҷотдиҳӣ» тақдим намуд
Ҳафтаи гузашта, рӯзи ҷумъа, дар Москва Раиси Шӯрои Федералии Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко ва ҷонишини Директори Росгвардия Олег Плохой ба 20 нафар кӯдакон аз минтақаҳои гуногуни ФР медал «Барои шуҷоат дар наҷотдиҳӣ»-ро тақдим намуданд, ки миёни онҳо ҳамватани мо Бахтиёр Усмонов низ ҳаст.
Дар Хабаровск Бахтиёр Усмонови тоҷик бо шуҷоатмандиву мардонагиаш машҳур гардид. Ин мактаббача дӯсти худ- Вячеслав Конограйро, ки баъди бозгашт аз мактаб ҳангоми сайругашт ба чоҳи оби гарм афтида буд, сари вақт наҷот дод. Хотиррасон менамоем, воқеае, ки навраси далерро шӯҳратманд намуд, 27 майи соли 2019 дар тангкӯчаи Дежнёви Хабаровск рух дода буд. «Мо ҳамроҳи Слава дар саҳни ҳавлӣ, назди чоҳе, ки болояш бо тахтапора пӯшонда шуда буд, бозӣ доштем, — баъдтар нақл мекунад Бахтиёр. Рафиқи ман мехост аз болои чоҳ он тараф биҷаҳад, вале пояш ба тахта расиду ба чуқурии пур аз оби гарм афтид…»

«Вақте ман аз хона баромадам, Бахтиёр дар ҳолати ҳаяҷоноваре қарор дошт ва бо ранги парида беист гиря мекард. Ҳайрон шуда, аз ӯ пурсидам: «Ба ту чӣ шуд?», танҳо баъди ин ӯ каме ором шуда гуфт: «Ман Славаро наҷот додам, ӯ ба чоҳи оби гарм афтид!». Баъдтар аз писарам пурсидам, ки оё ту сахт тарсидӣ, ӯ дар ҷавоб қаноатмандона чунин гуфт: “Не, дар дили ман барои тарс ҷой нест, ман аз дӯстам хавотир шуда, гиря кардам», — он лаҳзаҳоро ба ёд меорад падари навраси шуҷоъ.

Ҳангоми ба чоҳи оби гарм афтидан 40 фоизи бадани Слава ҷароҳат гирифт, аммо ба шарофати писарбачаи тоҷик зинда монд. “Баъди он ҳодиса, вақте рӯзи дигар ба мактаб омадам, маро ҳама табрик мекарданд. Омӯзгорону мактаббачагон таҳсин хонда, мегуфтанд: Офарин, Бахтиёр! Ӯ кӯдак не, балки марди ҳақиқӣ будааст! На ҳар кӯдак ба чунин кор қодир аст. Каси дигар шояд худаш тарсида, мегурехт ва он вақт зинда мондани Слава ба гумон буд».

Аз чунин амали ҷавонмардонаи мактаббача дар Тоҷикистон -ватани Бахтиёр низ ҳама огоҳ гашта, аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ занг мезаданд ва волидайни Бахтиёрро барои тарбияи чунин фарзанди шоиста таҳният мегуфтанд. «Бародари ман тавассути телевизор аз ин ҳодиса воқиф гардида, аз Тоҷикистон занг зад ва бо изҳори хушнудӣ гуфт, ки ба писарам тарбияи дуруст додаам», – бо ифтихор изҳор медорад падари Бахтиёр. Рустам мегӯяд, ки ҳоло байни оилаи онҳо ва оилаи Конограй дӯстиву рафоқат вуҷуд дорад. Писаракон ба хонаи ҳам равуо доранд, якҷоя дарс тайёр карда, бозӣ мекунанд. Дар зодрӯзи ҳамдигар ҳатман меҳмони олиқадр ҳастанд, гӯё бародари ҷонианд. «Айни ҳол моро бо Бахтиёр ба Москва барои инъомгирӣ даъват намудаанд. Падару модари Слава аллакай занг зада, пурсиданд, ки оё аҳволамон дар марказ хуб аст, ба чизе ниёз надорем?», — хабар медиҳад Рустам.

То туҳфагирӣ мактаббачагон аввал Майдони сурх ва Қасри Кремлро зиёрат карданд, ба рӯйи онҳо дари қисми ҳарбии Росгвардия -дивизияи махсуси зудамал ба номи Ф. Э. Дзержинский ва омӯзишгоҳи ҳарбӣ- кадетии президентӣ ба номи М. А. Шолохов боз карда шуд.

Писараки нотарс иқрор шуд, ки дар Москва ба ӯ аз ҳама зиёдтар сайругашт дар маркази сагшиносӣ, ки он ҷо сагҳоро меомӯзанд, писанд афтод. «Саг беҳтарин дӯсти инсон аст ва метавонад дар лаҳзаҳои хатарнок ӯро осон аз ҳар душворӣ бираҳонад»,-чунин мегӯяд Бахтиёри аз таассурот ба шавқ омада.

Дар маркази Россия Бахтиёр на танҳо соҳиби медал гардид, балки туҳфаҳо аз Шӯрои Федератсия ва миннатдорӣ аз директори Росгвардия Виктор Золотов низ насибаш гардиданд. Падари писарак мегӯяд: танҳо онҳое қаҳрамон мешаванд, ки ба гапи падару модар гӯш медиҳанд.

Бахтиёр хонандаи синфи 3-и «А» , дар мактаби миёнаи рақами 23, дар Хабаровск таҳсил дорад. Ба варзиш шавқи зиёд дошта, футболбозиро дӯст медорад. Аллакай як сол аст, ки ӯ бо ифтихор либоси ҳарбии кадетӣ ба бар менамояд. Ин барояш на танҳо як муҳимияти расмӣ, балки хеле азиз ва мояи ифтихор ҳам ҳаст. Бахтиёр ният дорад оянда «генерали Вазорати ҳолатҳои фавқулода» бигардад, то имконияти боз ҳам бештари наҷот додани одамон пайдо бишавад.

Дар акс: Бахтиёр Усмонов ҳамроҳ бо Валентина Матвиенко баъди гирифтани мукофот.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво