20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир гардид

324

Дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми миллӣ буда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои хориҷӣ, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми панҷуми миллӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зикр кард, ки Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади беҳтар намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва минбаъд таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.


Дар Форуми миллӣ масоили вобаста ба Конститутсия, таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, хусусиятҳои татбиқи муқаррароти асосии Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ: мушкилот ва дурнамо, татбиқи Ҳадафи 16 рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва нақши он дар амалигардонии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбитраж ва воситаҳои муосири алтернативии ҳалли баҳсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми панҷуми миллӣ дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво