Фулвио Мартушиелло: «Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро минбаъд низ идома хоҳанд дод»
476
Имрӯз ҳайати Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Кумитаи ҳамкории парлумонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва робита бо Туркманистон ва Муғулистон Фулвио Мартушиеллоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуданд. Пас аз мулоқот ҳайати Парлумони Аврупо барои ВАО—и ватанӣ ва хориҷӣ брифинг гузаронид.
Роҳбари ҳайат Фулвио Мартушиелло, аз ҷумла чунин зикр кард: «Барои мо ифтихори бузург аст, ки имрӯз дар доираи ташриф ба Душанбе ва иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳайати моро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфтанд. Дирӯз мо бо вакилони Парлумони Тоҷикистон мулоқот доштем, ки дар он доираи васеи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардем». Роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо Фулвио Мартушиелло иброз дошт, ки дар ин вохӯриҳо имкони расонидани кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд. «Мардуми Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам муносибатҳои наздик доранд ва ба ҳамдигар шабеҳанд, аз ин рӯ, мо дар оянда низ ҳамкории судмандро идома хоҳем дод», — гуфт дар хотима Фулвио Мартушиелло. Ёдовар мешавем, ки аз 31 октябр то 3 ноябри соли 2019 ҳайати Парлумони Аврупо иборат аз 3 вакил дар Тоҷикистон қарор доранд. Ҳадафи асосии сафари мазкур иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии ИА ва Тоҷикистон мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |