29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид

364
28 октябр дар Теҳрон ҷаласаи навбатии Шӯрои Намояндагони доимии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар таърихи 8-9 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шӯрои Намояндагони доимӣ рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Вазирон, лоиҳаи Баёнияи Анталия ва асноди дигари марбутаро муҳокима намуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Бо дарназардошти ба анҷом расидани раёсати даврии Тоҷикистон дар Шӯрои намояндагони доимӣ ва Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии СҲИ, Дабири кулли ин созмон Ҳодии Сулаймонпур дар ҷаласа суханронӣ намуда, таассуроти самимиашро аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (21 августи соли ҷорӣ) ва иштирокаш дар ҷаласаи вазирони туризми кишварҳои СҲИ (3-4 октябри соли ҷорӣ, Хуҷанд) дар Тоҷикистон баён намуд ва ба кишвари мо ва Сарвари он барои саҳми муассирашон дар пешбурди фаъолиятҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва тақвияти равобит дар фазои Созмони мазкур изҳори сипос намуд.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво