28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хатлон дар нуҳ моҳ ба маблағи 5 миллиарду 786 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст

388
Кормандони соҳаи саноати вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 5 миллиарду 786 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 570,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 8,8 фоиз таъмин гардид. Дар ҳаҷми умумии намуд ҳиссаи саноати коркард — 45,6 фоиз, саноати истихроҷи маъдан — 4,4 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ — 48,4 фоиз, тақсимоти неруи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ — 3,6 фоизро ташкил дод.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят асосан истихроҷи нафт ва гази табиӣ — 118,0 фоиз, истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок — 118,0 фоиз, истеҳсоли маводи хӯрокӣ, нӯшокиҳо — 122,7 фоиз, нӯшокиҳои спиртдор — 102 фоиз, нӯшокиҳои беспирт — 106,6 фоиз, дӯзандагӣ — 109,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин — 131,2 фоиз, табъу нашр — 101,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ — 3 баробар, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ — 116,2 фоиз, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ — 114,7 фоиз, маснуоти тайёри филизӣ — 104,1 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ — 159,9 фоиз, маснуоти мебелӣ — 132,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ — 112,6 фоиз ва тақсомоти неруи барқ — 115,9 фоиз шароит фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки саноатчиёни вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, ҳамзамон таъмини нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакат аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маводи ғизоӣ бо роҳандозӣ намудани коркарди маҳсулоти аввалин то зинаи охир ва имконияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда як зумра корҳоро амалӣ карданд.

Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф, дар заминаи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид, ки он имконияти зиёд намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро то соли 2020 дар қиёс бо давраи то барномавӣ дар сатҳи 5,3 баробар пешбинӣ намудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво