25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад

352
27 октябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён иттилоъ дод, дар доираи сафар мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев доир гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва омода намудани кадрҳо дар донишкадаҳои олии ҳарбии ҳарду давлат матраҳ гардиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Ермекбаев зимни сафар ҳамчунин аз боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Дар доираи сафар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунармандони ду давлат баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки сафари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон пагоҳ хотима меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво