25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба Ватан баргашт

360
Чанд лаҳза пеш паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков пас аз ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо тавассути хатсайри Красноярск – Душанбе ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пур аз мухлисону дӯстдорони варзиш, хешовандону наздикон ва масъулони соҳаи варзиши мамлакат буд. Ҳамагӣ аз субҳи барвақт мунтазири нафаре буданд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ суруди миллии Тоҷикистонро ба гӯши ҷаҳониён расонида, парчами давлатиро дар арсаи олам парафшон намуд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, Сомон ба ҳамаи рақибонаш пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард. Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии олимпии вазни 73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар раддабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад.

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ гардидани паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбековро қадрдонӣ карда, ӯро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво