19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз мепазирад

295
Имрӯз, 22 октябр, соати 09:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Дар назар аст, ки дар симпозиум китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва китоби «Куруши Кабир-зулқарнай» рӯнамоӣ шаванд.

Инчунин интизор меравад, ки дар ҷамъбасти кори симпозиум Ҷоизаи ба номи Манучеҳри фарҳангӣ тақдим карда шавад. Дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ дар маҷмӯъ иштироки беш аз 200 нафар олимони дохил ва хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст. Симпозиум аз 4 бахш иборат буда, ду рӯз идома меёбад. Дар он донишмандони беш аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Россия, Эрон, Афғонистон, Ироқ, ИМА, Франсия, Австралия, Швейтсария, Канада, Шветсия ва ғайра иштирок хоҳанд кард.

Дар бахши якум-Давлати Сомониён-падидаи беназири таърихӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ вазъи таърихию сиёсӣ ва фарҳангии замони Сомониён дар таърихи тамаддуни Шарқу Ғарб, даврабандии илмию консептуалии таърихии замони Сомониён, равшан намудани марзҳои ҷуғрофию сиёсии Сомониён олимони охиливу хориҷӣ доир ба шинохт, забон, қонун ва қонунгузорӣ, илм, адабиёт, сохтори идории давлат ва фарҳанговарии Сомониён ибрози андеша менамоянд.

Бахши дуюм аз анъана ва меросбарии фарҳангӣ аз мавзӯъҳои марбут ба фарҳанги шаҳр ва шаҳрнишинӣ, Борбад, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва анъанаи меросбарии фарҳангӣ, таъсири мутақобилаи Шарқ ва Ғарб дар оинаи таърихи ниёгон, шеър ва мусиқӣ, фарҳанги китоб ва китобороӣ, либос ва либосороӣ, боғ ва боғороӣ, мақоми сухан ва суханвар, ҳикмат ва ҳакимӣ дар мероси фарҳангӣ иборат мебошад.

Мавзӯъҳои баррасишавандаи илмии бахши сеюм-ҷашну оинҳои бостонӣ: омилҳои муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсонҳо- ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада дар оинаи тамаддун, тамаддуни ориёӣ ва решаҳои баъдинаи он дар таърих, осори адабӣ, талошҳои Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар эҳёи ҷашнҳо чун мероси камназири фарҳангӣ дар баҳамоии мардумони башар ва ғайраро дар бар мегиранд.

Дар бахши чорум-Куруши Кабир –чеҳраи мондагори таърих донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи Куруши Кабир, ҷойгоҳи ҳукумат ва идории Куруши Кабир дар таърихи башарӣ, Куруши Кабир ва Эъломияи ҳуқуқи башар, эҳтиром ба инсон ва озодии он дар Эъломияи Куруши Кабир, сохтор ва низоми идорию кишвардорӣ аз дидгоҳи Куруши Кабир ва идомати он дар масири таърих ва амсоли инро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Тибқи барномаи симпозиум, иштирокдорон операи «Борбад»-ро тамошо карда, аз НБО «Роғун», Осорхонаи миллии Тоҷикистон, боғҳои ба номи Куруши Кабир, Фирдавсӣ, Айнӣ, Рӯдакӣ, Кохи Наврӯз ва дигар ҷойҳои таърихиву фарҳангии мамлакат боздид менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво