20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СЕМИНАР МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОХТМОН” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

449
СЕМИНАР МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ  ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОХТМОН” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Таъмини сифат ва умуман танзими пешбурди фаъолияти лоиҳакашиву ҷустуҷуӣ, сохтмонӣ ва меъморӣ дар ташкилоту идораҳо бе мавҷудияти санадҳои меъёрӣ, ки онҳо асосан ҳамчун маводи истинодиву ҳамарӯза дастури кории мутахассис мебошад, ғайри имкон аст. Мунтазам ба камбудиҳо роҳ додани мутахассис ин пеш аз ҳама аз бархурдор набудан аз муқаррароти асосии санадҳои амалкунанда ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки семинар машваратҳои доимии омӯзиширо дар байни субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар мавзӯи “Танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон” ба роҳ монад. Тибқи нақша санаи 28 октябри соли равон семинари мазкур дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Мирзозода Низом Юсуфӣ баргузор гардид. Дар семинар Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” Умаров У.Х. ва Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” Каримзода А.Р. баромад намуда, оид ба ҳолати амали санадҳои меъёриву техникӣ, навгониҳои меъёрӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ дар сохтмон ва танзими нархгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд.
СЕМИНАР МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ  ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОХТМОН” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Қайд карда шуд, ки меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ барои аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабул намудани қарор дар хусуси масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагони молу мулки ғайриманқул, инчунин ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳангоми фаъолияти шаҳрсозӣ манфиатҳои онҳо халалдор мегарданд, асос мебошанд.
Мувофиқи «Номгӯйи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мебошанд», айни замон дар соҳаи сохтмон 1624 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал мекунад, ки аз ин шумора 55% (887 номгӯй) ба стандартҳои миллӣ ва байнидавлатӣ, 9% (145 номгуй) ба меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, 25% (402 номгуй) – ҳуҷҷатҳои меъёрии нархгузорӣ ва 11% (190 номгуй) ба дигар санадҳои меъёрии танзимдарорандаи соҳаи сохтмон рост меояд.
Бо мақсади беҳтар кардани дастрасии санадҳои меъёрии сохтмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” барномаи махсусигардонидашудаи компютерӣ Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» тарҳрезӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
СЕМИНАР МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ  ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОХТМОН” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» дар як барномаи компютерӣ маълумоти меъёрӣ-техникӣ ва ҳуқуқии ба мутахассисони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмирӣ ё васлгарӣ, мақомоти назоратӣ ва иҷозатномадиҳӣ заруриро муттаҳид гардонидааст. Барнома маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ: стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ, дастурҳо, тавсияҳои методӣ, фармоишҳо, қарорҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи сохтмонро ифода менамояд.
Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» кормандони соҳаро аз ташвиши зиёд дар кофтукови ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки онҳо ҳамзамон нест мешаванд, озод менамояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар системаи «Иттилооти шаҳрсозӣ» ҳамеша дастрас аст.
Беҳамтоии системаи «Иттилооти шаҳрсозӣ» аз маҷмӯи зиёди омилҳо бар меояд:
 Дар система дар шакли электронӣ ҳамаи нақшаҳо ва суратҳои ГОСТҳо, МҚСҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ки фаъолияти сохтмониро ба танзим медароранд, нигоҳ дошта шудаанд;
 Ҳуҷҷатҳо бо варақаи муфассали маълумот, ки дар он маълумот дар бораи қабул, мақоми қабулкарда, таҳиягарон, нашри расмӣ ва ғ. оварда шудааст, таъмин карда шудаанд;
 Ҷустуҷӯи босуръати ҳуҷҷатҳо аз рӯи: навъи ҳуҷҷат, рақами он, санаҳои тасдиқ ва мавриди амал қарор додан, номи ҳуҷҷат;
 Ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо аз рӯи дархости маъногии озодона ташкилшуда, аз рӯи калимаҳо аз ном ё матни ҳуҷҷат;
 Имконияти ба чоп баровардан ва сабти яклухт ё кисмани ҳуҷҷатҳо дар файл.
Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии электронӣ доир ба сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, базаи маълумотӣ ва пурматни ҷустуҷӯии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки сохтмонро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд, ифода менамояд.
СЕМИНАР МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИ  ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОХТМОН” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиёни семинар аз тарзи омодасозии ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ шинос шуданд, аз ҷумла:
1. Санадҳои қабулкунии асосҳои тақсимкунии геодезӣ;
2. Нақшаи иҷроишии геодезии бунёдкунии конструксияҳо, ҷузъҳо ва қисмҳои биноҳо ва иншоот;
3. Тарҳҳои иҷроишӣ ва буришии шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти зеризаминӣ;
4. Дафтари умумии корҳо;
5. Дафтарҳои махсуси корҳо, дафтарҳои назорати сифати воридотӣ ва амалиётӣ;
6. Дафтари назорати муаллифии ташкилотҳои лоиҳакашӣ;
7. Санадҳои тафтиши корҳои ноаён;
8. Санадҳои қабулкунии мобайнии конструксияҳои муҳим;
9. Санадҳои озмоишот ва санҷишҳои таҷҳизот, системаҳо ва дастгоҳҳо;
10. Санадҳои қабулкунии системаҳои муҳандисӣ;
11.Тарҳҳои иҷроишии ҷойгиршавии биноҳо, иншоот дар маҳал (шинониданҳо), ки ҳуҷҷатгузории меъмории иҷроишӣ мебошанд;
12. Нақшаҳои корӣ оид ба сохтмони бино ва иншоот бо навиштаҷот дар бораи он.
Нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон масъалаи дигари семинар машварат буд, ки иштирокчиён бо роҳи саволу ҷавоб аз масъалаҳои ҳалталаб бархӯрдор гардиданд.
Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиён Барномаи “Иттилоти шаҳросозӣ” ба тариқи ройгон супорида шуд.
Мухбири махсуси “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво