29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Душанбе Иди Меҳргон ба шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

344
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии мамлакат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, Раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва намояндагон аз Сарраёсати занони шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон, ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идора, кумитаҳо ва шаҳрвандон иштирок намуданд.

Тавре муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода иброз намуд, «Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои ориёнажод расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, ки «ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад».

Дар ин рӯз дар майдони Боғи Ирам аз вазорату идораҳои марбута техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, зироати ғалладонагӣ, полезӣ, меваҷоту сабзавот, асал, маҳсулоти табиию шифобахш, намоиши анъанаҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод гардиданд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Изатулло Сатторӣ иштирокдорони намоишро ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфт.

Мавсуф барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз рӯйи 22 номинатсия масъулони вазорату идораҳоро бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонид.

Ҳамчунин таҳти унвони «Замзамаи Меҳргон» аз ҷониби санъаткорон барномаи фарҳангӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Дар ин рӯз адибон ва шоирони тоҷик эҷодиёти худро дар мавзӯи Меҳргон қироат намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво