29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шукурҷон Зуҳуров ва Вячеслав Володин масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд

337
Дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардид.
Масъалаи мазкур имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин муҳокима шуд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва доираи васеи масъалаҳое, ки дар назди парлумонҳои ду ҷониб қарор доранд, тасдиқ мекунанд.

«Давоми 27 соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо тавонистанд низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии дуҷонибаро дар асоси шаффофият, эътимод ва ҳамкории баробар бунёд кунанд», — афзуд мавсуф.



Зикр шуд, ки миёни ҳарду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудаанд. «Ин ҳамкорӣ асосан аз принсипҳо ва уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Россияву Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба сарчашма мегиранд», — гуфта шуд дар мулоқот.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, афзудани муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамгироӣ дар масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ баён доштанд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки «мо ҷонибдори таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла тавассути ташкили муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо забони таълимии русӣ ҳастем».

Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон бо дахли он, ки Тоҷикистону Россия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич доранд, хоҳони густариши ин робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу санъат, тандурустӣ, варзиш ва саӣёҳӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин инчунин ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот анҷом дод.

Зимнан, гуфтанист, ки субҳи имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Россия аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» низ дидан менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво