29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Рӯшон бинои муосири таълимӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт

323
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Назришо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат варзиданд.

Хишти аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Рӯшон моҳи сентябри соли 2016 гузошта шуда буд. Барои бунёди бинои мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Корҳои сохтмониро коргарони ҶДММ «БДМ» ба зимма доштанд. Бинои нав барои 450 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз утоқҳои муосири фаннӣ, маҷлисгоҳ барои 210 ҷой, ошхонаву китобхона ва толору майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Омӯзгори ин муассисаи таълимӣ Лутфия Худододова барои бунёди чунин бинои зебову муҳташам изҳори минатдорӣ намуда, гуфт, ки «бинои кӯҳна соли 1924 сохта шуда буд ва синфхонаву утоқҳои тангу торик дошт. Аммо сарфи назар аз ин таълимгоҳи мазкур шахсиятҳои шинохтаву обрӯманде, ба мисли Меҳрубон Назаров, Басир Расо, Мамадназар Отамов, Ғолиб Исломов, Асалбек Назриев, Охонлаъл Оламов ва чандин нафарони дигарро ба воя расонидааст. Баъди бунёди бинои нав омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам болотар бардоранд».

Баъди ифтитоҳи расмӣ ва боздид аз синфхона, маҷлисгоҳу толори варзишӣ дар маҷлисгоҳи ин таълимгоҳ мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо қишрҳои гуногуни ноҳияи Рӯшон доир гардид.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов бо такя ба суханҳои Пешвои миллат изҳор дошт, ки «пешрафти илму техникаро дар ҷаҳони муосир бидуни таълиму тарбияи сифатан хуб тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996, дар замони нобасомониҳои дохилӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”-ро ба тасвиб расониданд. Маҳз ғамхории Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф аст, ки ҳамасола дар ҷараёни ирсоли Паём ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ таъкид гардида, барои беҳтар кардани сифати таълиму тадрис чораҳои таъхирнопазирро дар амал татбиқ менамоянд».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб дода, баён дошт, ки Ҳукумати мамлакат танҳо соли 2019 беш аз 4 миллиард сомониро ба рушди соҳаи маориф равона намудааст, ки он дар муқоиса ба соли 2018 13 фоиз бештар мебошад. Зикр гардид, ки аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии вилоят 54 ададашон ҳанӯз дар вазъияти садамавӣ қарор доранд ва бо супориши роҳбарияти олии мамлакат таъмиру навсозии ин муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 44 муассисаи таълимӣ бо фарогирии беш аз 4 ҳазор хонанда фаъолият дошта, сол аз сол шароити таълим рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва Раиси вилоят дар деҳаи Барзуди ҳамин ноҳия майдончаи варзишӣ ва макони дилхушӣ барои кӯдакон дар фазои идона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин ду иншоот давоми се моҳ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Некрӯз Худоёров дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ бунёд гардиданд. Маблағи харҷномавии ҳарду иншоот 420 ҳазор сомониро ташкил дода, дар майдончаи варзишӣ имконияти баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ фароҳам оварда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво