29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Дар оғози асри XX пайдо гардидани кино барои миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад»

590
Дар оғози асри XX пайдо гардидани кино барои миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар баробари ташаккули давлатдории тоҷикон филмноманависӣ ва банаворгирии он рушд карда, аз соли 1929 инҷониб садҳо филмҳои мустанаду бадеӣ ба навор гирифта шуданд. Ин нуктаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Дидор», ки имрӯз дар толори бузурги Хонаи кино — кинотеатри «Зебунисо» доир шуд, баён дошта, афзуд, ки ин филмҳо тоҷикон ва Тоҷикистонро дар олам муаррифӣ намуданд.

Дар маросими мазкур доираи васеи киноофарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Россия, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолланд, Эрон, Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Франсия, Чехия ва дигар ҳаводорони кино иштирок намуданд.

«Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли нави филмбардорон тавонистанд кинои тоҷикро дар олам муаррифӣ намоянд. Дар ҳақиқат филмҳое, ки имрӯз офарида шуда истодаанд, рӯзгори воқеии халқи тоҷикро тасвир мекунанд. Боварии комил дорам, ки тавассути чунин фестивалҳо мо метавонем дар оянда ин санъатро боз ҳам рушд диҳем. Бояд гуфт, ки барои ин кор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, он танҳо меҳнату заҳмати касбӣ талаб менамояд», — афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Фестивали мазкур то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ манзури тамошобинон мегарданд.

Зикр гардид, ки Фестивал ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруфи тоҷик Мамадқул Арабов бахшида шудааст. Мавриди зикр аст, ки 90 сол муқаддам дар ин рӯз синамои тоҷик арзи ҳастӣ намудааст.

Ҳунарпешаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён, ки дар аксар филмҳои ҳуҷҷативу бадеии кинои тоҷик нақш офаридааст, баргузории чунин фестивалҳоро ба манфиати ҳунармандон хонда, гуфт: «Ҷунин чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар кори он аз кишварҳои мухталифи дунё иштирок мекунанд, метавонад муносибатҳои ҳунармандони ин давлатҳоро қавитар намояд».

Коргардони ҷавони тоҷик Музаффар Шодиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мо пайваста кӯшиш менамоем, то кинои замонавии тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем.

«Ягон кор бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Гарчанде солҳои қабл дар масъалаи мабалғгузорӣ ҷиҳати рушди кинои тоҷик танқисӣ мекашем, ин ҳам солҳои охир хусусияти мусбат касб кардааст. Мо кӯшиш мекунем филмҳои қобили қабули бинандаро пешниҳоди ҳаводорони кинои тоҷик гардонем», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои масъулин, ҳакамони фестивали мазкур наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад Г. Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос Г. Абикеева (Қазоқистон) ва мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) интихоб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Кинофестивали «Дидор- 2019» ба кори худ оғоз бахшид ва он чор рӯз идома меёбад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво