15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд

39
Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон миёни 10 мамлакати олам беҳтарин дониста шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд миёни 10 мамлакате, ки лоиҳаҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, чунин натиҷагирӣ намудааст.

«Масъули иҷрои лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, Директори кишварии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип Сривастава барои татбиқи пурсамари он Кумитаро бо ифтихорнома сарафроз гардонд», — афзуд манбаъ.

Лоиҳаи милии идораи хатари офатҳо аз моҳи январи соли 2019 шурӯъ гардида, ба таҳкими зарфияти Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи идораи коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ, беҳтар намудану густариш додани системаи мониторинг ва хабардоркунии бармаҳали кӯли Сарез ва муҷаҳҳазгардонии Хадамоти зиддижолаи Кумита равона гардидааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво