Ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар Душанбе доир мегардад
467
17 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории гумрукӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд. Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон дар доираи баргузории ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ ҷаласаи 18-уми роҳбарони шабакаи алоқаи миллии RILO- Москва доир мешавад. Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ аз мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон, мисли Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Варзоб дидан намоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |